Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Аврупо ҳамоно парвозҳо боздошта шудааст


Рӯзи чаҳорӯм аст, ки ба сабаби гардолул будани фазо дар кишварҳои аврупоӣ парвозҳо ба ҳолати таълиқ даромадааст. Вулкани бузурги Исландия фазои шимоли Аврупоро тира ва олуда кардааст, ки барои парвозҳои ҳавопаймоҳо метавонад хатарзо бошад. Бештари фурудгоҳҳои Аврупои шимолӣ ва марказӣ баста шудаанд. Рӯзи шанбе низ 17 000 парвоз муттаваққиф шуд. Чунин вазъ мумкин аст чанд рӯз боқӣ бимонад. Гарду дуди ғализ ба самти шарқ ва ҷунуби Аврупо меравад ва имрӯз Булғористон низ эълон кард, ки фазои худро барои парвозҳо бастааст. Аммо Голландия ва Омон парвозҳои санҷишӣ ва бидуни мусофир анҷом медиҳанд, то бисанҷанд, ки гарду дуд чӣ тасъсире метавонад ба парвозҳо дошта бошад. Бино ба гузоришҳо, ширкатҳои ҳавоӣ аз манъи парвозҳо 200 миллион доллар ҳар рӯз зарар мебинанд ва даҳҳо ҳазор мусофирон роҳҳои алтенативии сафарро ҷустуҷӯ мекунанд.
XS
SM
MD
LG