Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи мусаллаҳи скинхедҳо ба хобгоҳи мардикорон


Бар асари ҳамлаи мусаллаҳи нажодпарастони рус ба хобгоҳи муҳоҷирони кории тоҷик дар шаҳри Маскав се шаҳрванди ҷароҳати вазнин бардошта, ба бемористон интиқол дода шудаанд.Ин ҳодиса бомдоди рӯзи якшанбе дар кӯчаи Фабрисиус, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав рӯх додааст. Ба нақли шоҳидон, ду ҷавони сартарошидаи рус ба хобгоҳи мардикорони тоҷик наздик шудаанд ва тавассути панҷараи яке аз ҳуҷраҳо ба дарун маводи таркандаи худсозро андохта, аз маҳалли ҳодиса ғайб задаанд. Дар пайи таркиш се нафар аз сокинони хобгоҳ маҷрӯҳ шудаанд. Дар ин хобгоҳ як гурӯҳи муҳоҷирони кории тоҷик, аз ҷумла занон, ба сар мебурдаанд. Мардикорони захмишуда ҳоло дар бемористони шаҳри таҳти назорати пизишкон қарор доранд. Ба гуфтаи масъулини ин бемористон, яке аз маҷруҳон, ки 23 сол дорад, бар асари таркиш аз чашми худ маҳрум шудааст. Нерӯи инфиҷор ба як килограмм тротил баробар будааст ва дар пайи он як ҳуҷраи ин манзил валангор шудааст.
XS
SM
MD
LG