Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари Қурмонбек Боқиев аз САҲА кумак мехоҳад


Жанишбек Боқиев, бародари раисҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон, ки таҳти пайгарди мақомоти ҳукумати нав қарор дорад, гуфтааст, барои кумакхоҳӣ ба Созмони амният ва ҳамкории Аврупо муроҷиат мекунад.

Вай дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар зодгоҳаш - деҳаи Тейити вилояти Ҷалолобод гуфтааст, ки қаблан барои музокирот бо мақомоти амниятӣ изҳори омодагӣ карда буд, вале баъд аз боздошти собиқ вазири дифои Қирғизистон, ки якчанд рӯз боз дар зиндон ба сар мебарад, дигар ба ҳукумати нав эътимод надорад ва гуфтушунид нахоҳад кард.

Жанишбек Боқиев дар даврони ҳукумати Қурмонбек Боқиев раёсати Хадамоти амнияти давлатии Қирғизистонро бар ӯҳда дошт. Ҳукумати нави Қирғизистон бародари Қурмонбек Боқиевро масъули аслии ҳамлаи мусаллаҳи нерӯҳои амниятӣ ба тазоҳуротгарон дар шаҳри Бишкек медонад. Дар ин даргириҳо 80 нафар кушта ва садҳо нафари дигар захмӣ шудааст.

Ҳукумати муваққат алайҳи Жанишбек Боқиев ва дигар пайвандони президенти фирории Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ кардааст. Барои боздошти Ҷониш Боқиев ахиран як гурӯҳи вижа вориди вилояти Ҷалолобод шудааст.

Вале бино ба иттилои хабарнигори радиои Озодӣ, ки аз зодгоҳи раисиҷумҳури барканоршуда дидан кард, манзили хешутабори Қурмонбек Боқиев аз сӯи афроди мусаллаҳ посбонӣ мешавад. Ин муҳофизон гуфтаанд, ки касеро иҷозаи вуруд ба манзили пайвандони Боқиев нахоҳанд дод.

Идомаи тазоҳурот дар Ҷалолобод

Зуҳри рӯзи шанбе дар шаҳри Ҷалолобод ҳудуди 300 нафар аз ҷонибдорони собиқ вазири дифои боздоштшуда Бақитбек Қалиев, ба бинои ҳукумати ин вилоят ҳамла карданд. Эътирозгарон аз мақомот тақозои раҳоии собиқ вазири дифоъро доранд.

Бақитбек Қалиев, вазири дифои ҳукумати Қурмонбек Боқиев, шоми рӯзи панҷшанбе дар фурӯдгоҳи шаҳри Ҷалолобод аз сӯи гурӯҳи махсуси амниятӣ дастгир шуда буд. Вай то охирин лаҳзаҳо Қурмонбек Боқиевро ҳамроҳӣ мекард ва дар замоне боздошт гардид, ки Боқиев вориди ҳавопаймо шуда, Қирғизистонро тарк мекард.

Тарафдорони Қалиев рӯзи ҷумъа низ дар майдони марказии шаҳри Ҷалолобод ҷамъ омада буданд. Онҳо мегӯянд, Бақитбек Калиев гуноҳ надорад ва набояд масъули ҳаводиси хунин дар Бишкек дониста шавад.

Эътирози кормандони пулиси Ҷалолобод

Субҳи рӯзи шанбе дар маркази шаҳри Ҷалолобод ҳудуди 500 нафар аз кормандони мақомоти пулиси маҳаллӣ бо шиорҳо алайҳи вазири нави умури дохилии Қирғизистон Болотбек Шерниязов тазоҳуроти эътирозӣ баргузор карданд.

Ин тазоҳурот дар ҳоле сурат гирифт, ки нерӯҳои амниятӣ таҳти раҳбарии вазири нави умури дохилӣ барои боздошти Жанишбек Боқиев – бародари президенти барканоршуда вориди Ҷалолобод шудаанд.

Болотбек Шерниязов талош кардааст, бо милисаҳои эътирозгар гуфтушунид кунад, вале онҳо ба вазири дохилӣ ҳамла карда, ӯро аз майдон рондаанд.

Ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Максим Боқиев

Додситонии кулли Қирғизистон бар зидди писари дувуми президенти собиқи ин кишвар Максим Боқиев, ки ба сирқати амвол ва сӯйстифода аз мақоми давлатӣ айбдор мешавад, ду парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Максим Боқиеви 33-сола, ки раёсати Бунгоҳи сармоягузорӣ ва рушди иқтисодии Қирғизистонро дар ӯҳда дошт, ба қавли намояндаи додситонии кулли ин кишвар, 35 миллион долларро аз қарзи 300-миллион долларии Русия ба чанд ҳисоби бонкии зери назорати худ интиқол додааст.

Вай ва шариконаш ба он айбдор мешаванд, ки бахши дигаре аз ин вомро барои хариду фурӯши саҳмияҳои хориҷӣ истифода бурдаанд. Ҳоло дар куҷо будани Максим Боқиев маълум нест. Вай дар арафаи рӯйдодҳои Қирғизистон барои гуфтушуниди расмӣ ба Вашингтон парвоз карда буд.

Ҳукумати муваққати Қирғизистон ҳамчунин бар зидди як қатор мансабдорони солҳои ҳокимияти Қурмонбек Боқиев парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
XS
SM
MD
LG