Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибдорони Боқиев телевизиони Ҷалолободро гирифтанд


Ҷонибдорони Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон дар вилояти Ҷалолобод бинои телевизиони маҳаллиро ба тасарруфи худ дароварданд ва аз мақомоти он тақозо кардаанд, ки барои пахши зиндаи суханони онҳо вақт диҳанд. Гурӯҳе ба дафтари кории Батихон Ажумаматов-раиси телевизион ворид шуд ва аз вай тақозо кард, ки барои пахши изҳорот вақт диҳад. Баъдтар изҳороти онҳо сабт шуд. Шаҳр ва вилояти Ҷалолобод зодгоҳи Қурмонбек Боқиев аст.
XS
SM
MD
LG