Пайвандҳои дастрасӣ

Сурия, Лубнон ва Ироқ аз Эрон ҳимоят карданд


Сурияву Лубнон ва Ироқ аз барномаҳои ҳастаии Эрон ҷонибдорӣ кардан ва гуфтанд, ки ин барномаҳо сулҳомез будаанд. Ҳушёр Зебарӣ-вазири корҳои хориҷаи Ироқ зимни суханони худ дар Теҳрон дар як конфронси дурӯзаи халъи силоҳи ҳастаӣ гуфт, "мо ҳар гуна таҳдид бар зидди Эронро рад ва пофишорӣ мекунем, ки Эрон ба энержии сулҳомези ҳастаӣ ҳақ дорад. Алӣ ал Шамӣ-вазири корҳои хориҷаи Лубнон гуфт, барои халъи силоҳи ҳастаии Исроил бояд корҳои бештар анҷом бигирад. Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон гуфт, кумиссиюни байналмиллалии расидагӣ ба барномаҳои ҳастаии Эрон бояд зудтар ташкил шавад. Дар конфронси халъи силоҳи ҳастаӣ дар Теҳрон намояндагони 12 кишвар ширкат мекунанд. Дар он аз Туркманистону Ариманистон вазирони умури хориҷа ва аз Русия муовини вазири умури хориҷа ширкат доранд.
XS
SM
MD
LG