Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Аврупо парвозҳо ба таъхир афтодаанд


Рӯзи шанбе парвозҳо аз фурудгоҳҳои бисёре аз кишварҳои аврупоӣ боздошта шуд. Сабаб ин аст, ки дар натиҷаи вулкане дар Исландия гарду ғубори зиёд ба ҳаво баромадааст ва парвози ҳавопаймоҳо дар чунин шароит хатаровар аст. Ба ин кишварҳо аз ғарби Аврупо гирифта то шарқи он Британия, Фаронса, Белгия, Олмон, Шветсария, Полша, Белорус, Украина ва кишварҳои дигар дохиланд. Фазои парвоз дар кишварҳои каронаи Балтик ва Руминияву Сербистон низ баста аст. Рӯзи ҷумъа 16 000 парвоз дар кишварҳои аврупоӣ боздошта шуд. Вулкани рӯзи чаҳоршанбе дар Эйҷафҷаллаҷокул фазоро гардолуд кардааст.
XS
SM
MD
LG