Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Афғонистон раиси нави интихобот таин шуд


Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон раиси Кумиссиюни мустақили интихоботиро муаррефӣ кардааст. Ваҳид Умар-сухангӯи раиси ҷумҳур гуфт, Фозил Аҳмад Маънавӣ раҳбарии Кумиссиюни мустақили интихоботиро бар уҳда хоҳад дошт. Маънавӣ дар ин мақом Азизуллоҳ Лудинро иваз мекунад. Дар давраи раҳбарии Лудин ин ниҳоди интихоботӣ барои тақаллуби густарда дар натиҷаҳои интихобот ба шиддат зери интиқод гирифта шуд. Раиси нав замоне ба кор шурӯъ мекунад, ки дар Афғонистон омодагиҳо ба интихоботи порламонӣ оғоз мешавад. Интихобот моҳи сентябр дар назар дошта шудааст.
XS
SM
MD
LG