Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз шаҳри Душанбе Рӯзи Пойтахтро ҷашн гирифт


Рӯзи шанбе дар Душанбе Рӯзи Пойтахтро баргузор карданд. Хабаргузории "Авеста" аз қавли мақомоти шаҳодорӣ иттилоъ додааст, ки ба ин муносибат дар Душанбе як силсила маросимҳо анҷом гирифтааст. Шаҳрдорӣ гуфтааст, муҳимтарин тадбир ин будааст, ки рӯзи шанбе марафон ё дави дастаҷамъӣ баргузор шудааст ва дар он намояндагони 14 бародаршаҳри Душанбе ширкат кардаанд. Барои шодбоши сокинони пойтахт меҳмонон аз Маскаву Санкт Петербург, Урумчии Чин, Анкараи Туркия, Тошканди Ӯзбекистон ва шаҳрҳои дигар ташриф овардаанд. Ҳар сол рӯзи шанбеи ҳафтаи севвуми моҳи апрел шаҳри Душанбе Рӯзи Пойтахтро ҷашн мегирад.

XS
SM
MD
LG