Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боғи набототи Бадахшон тасмим гирифтааст, то ҷашни Рӯзи Ваҳдат барои гулгашту хиёбонҳои шаҳри Хоруғ 800 ҳазор гул парвариш кунанд.

Суҳроб Мусоев, сардори Боғи набототи Помир, мегӯяд, алҳол мутахассисони гармхонаи боғ ба парвариши намуди гулҳое машғул ҳастанд, ки то моҳи июн мешукуфтанд ва ин гулҳо то баргузории ҷашни Рӯзи Ваҳдат шаҳрро оро хоҳанд дод.

Вай афзуд, асосан садбаргу савсан ва намудҳои дигари гулҳое, ки тез мешукуфанд, ба симои шаҳр дар Рӯзи Ваҳдат ҳусну тароват хоҳанд бахшид.

Аммо мақомоти вилоятӣ рафти гулзор намудани шаҳр ба ифтихори ҷашни ҷумҳуриявии Рӯзи Ваҳдатро, ки қарор аст, тобистони имсол дар Хоруғ баргузор шавад, ғайриқаноатбахш хондаанд ва аз мутахассисон дархост кардаанд, ки барои гулзор намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр саъй варзанд.

Дар ҳамин ҳол корҳои ободони дар шаҳр рӯз ба рӯз авҷ мегирад. Дар қатори кормандони муассисаи манзиливу коммуналии Хоруғ як ширкат аз маркази ҷумҳурӣ ба навсозии обравҳову роҳҳо дар шаҳр сар кардааст ва қарор аст то охири моҳи июн қариб 5 километри роҳҳои нақлиётии шаҳрро пурру аз таъмир бароранд.

Соли гузашта бо ташаббуси мақомоти вилоятӣ «Соли ободонӣ ва соли гул» эълон шуда буд. Аммо тавре ба назар мерасад, мақомот акнун мехоҳад, ки қусури кабудизоркунӣ ва ободониро дар ду моҳи боқимонда то рӯзи ҷашн барорад. Ба хотири кабудизоркунӣ ва гулкориву ободонӣ кормандони қариб кулли идораву муассисот акнун бештари вақт дар кӯчаву хиёбонҳо ба кор машғул мешаванд.

Ба иттилои муҳандиси муассисаи манзиливу коммуналии шаҳр Ёрабшо Арабшоев, ҳамчунин тибқи нақша 17 ҳазор дарахти баҳрадор ва сояафкан дар кӯчаву хиёбонҳо шинонда мешаванд, аммо то ба ҳол бинобар камбуди ниҳолҳои мевадиҳанда дар парваришгоҳҳои вилоят танҳо ҳудуди 8 ҳазор ниҳол шинонда шудааст.

Дар кӯчаҳои шаҳр ниҳолҳои арча сабз гардидаанд, ки аз вилояти Хатлон оварда шуда, ба гуфтаи муҳандиси муассисаи манзиливу коммуналӣ, 1800 дона чунин арчаҳо қад-қади роҳҳоро зеб хоҳанд дод. Вай гуфт, ки бисёре аз ниҳолҳои арчаи қаблан оварда ва шинондашуда бинобар мутобиқ набудан ба иқлим хушк шудаанд.

Масъулин изҳор доштанд, ки ба ғайр аз литсеи президентӣ сохтмони кохи ҷавонон, театр, варзишгоҳ, чойхонаи миллӣ ва дигар иншоотҳо ҷашни то Рӯзи Ваҳат пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Дар қатори иншоотҳо сохтмони бустонсарои президентӣ ва меҳмонхона дар Боғи набототи Помир идома дошта, масъулини сохтмон гуфтанд, ки то рӯзи ҷашн бустонсаро ва меҳонхонаро ба истифода медиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG