Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Покистон дар 2 инфиҷор 32 кас кушта шуд


Дар ду инфиҷори пайдарҳам дар назди урдугоҳи сабти номи UNHCR ё СММ дар умури паноҳҷӯён дар шимоли ғарби Покистон 32 нафар кушта 64 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Инфиҷори аввал дар маҳале бо номи Кача Пуха замоне ба вуқуъ пайваст, ки ҳудуди 300 нафар паноҳҷӯ барои дарёфти кӯмак дар урдугоҳ ҷамъ шуда буданд. Инфиҷори дуввум замоне рух дод, ки дигарон барои кӯмак ба захмиҳо давриҳам омаданд. Холид Умарзай-кумиссари пулис ба радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳамлаҳо ангезаҳои мазҳабӣ доранд. Бисёре аз паноҳҷӯён паштунҳои шиа мебошанд, ки аз дасти Толибон ва аз амалиёти нируҳои мусаллаҳи Покистон аз минтақаи қабиланишини Оракзай фирор кардаанд. Толибон, ки аҳли сунӣ мебошанд, ҳар гоҳ ба ақалиятҳои шиа ҳамла меоранд.
XS
SM
MD
LG