Пайвандҳои дастрасӣ

Қурмонбек Боқиев, ки дар баҳори соли 2005 дар натиҷаи “инқилоби лолаӣ” рӯ-рӯи дастҳо ба ҳарики қудрати Қирғизистон нишаст, бо гузашти ҳамагӣ 5 сол, боз ҳам дар натиҷаи ошӯби ҳамон мардум аз маснад сарозер шуд ва тарки Қирғизистон кард.

Баъди 8 рӯз аз ошӯбҳои хунини 7 апрел дар Қирғизистон, ки беш аз 80 кушта ба ҷо гузошт ва мунҷар ба фирори раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев аз пойтахт, шаҳри Бишкек шуд, Боқиев ба Қазоқистони ҳамсоя парвоз кард ва Қирғизистонро тарк гуфт.

Аз кишвар рафтани Боқиев ба таҳаввулоти охир дар Қирғизистон мисле ки нуқтаи таммат мегузорад ва роҳи машрӯъиятро барои ҳукумати муваққати мухолифини Боқиев ба раҳбарии Роза Отунбоева ҳамвортар мекунад.

Аммо Қурмонбек Боқиев ҳамчун шахсият ва раҳбар кӣ буд ва чаро ба фарқ аз ҳамтоёни собиқадораш дар минтақа дар ҳарики қудрат ҳамагӣ 5 сол тавонист дошт бидиҳад?

ДАР ФАСЛИ ЛОЛА ОМАДУ ДАР ФАСЛИ ЛОЛА РАФТ

Рафтани Боқиев ба як марҳалаи ҳассос ва пуршебуфароз дар таърихи навини Қирғизистон нуқтаи таммат мегузорад. Марҳалае, ки оғозаш умеду орзуи зиёди мардум ба зиндагии беҳтар ва эҷоди як низоми ростини демократӣ дар ин, ба истилоҳ, “ҷазираи демократия”-и Осиёи Марказиро ба ҳамроҳ дошт, вале дар фарҷом ба хунрезии дар таърихи ин кишвари минтақа бесобиқае печид, ки ба бовари маҳофил, исми Боқиевро дар саҳафоти таърих барои ҳамеша бо рангҳои хунини нозудуданӣ нақш хоҳад кард.

Урозбек Мондоалиев, таҳлилгари қирғиз мегӯяд: “Барои натиҷагирии фаъолияти Боқиев ҳанӯз фурсат лозим аст. Феълан, албатта, эҳсосот бештар аст, то таҳлили амиқу ҷиддӣ. Вале дар ҳар сурат, ӯ ҳамчун раисиҷумҳуре дар таърих хоҳад монд, ки мардуми худро дар замони осоишта тирборон кард.”

ДАВЛАТИ “ХУСУСИГАРДОНИШУДА”-И БОҚИЕВ

Аммо Нуралии Давлат, таҳлилгари тоҷик, рӯйдодҳои ахири Қирғизистонро “суқути давлати хусусигардондаи Боқиев” ба қалам дода, мегӯяд: “Дар сиёсату иқтисод муҳим натиҷа аст. Натиҷаи 5 соли фаъолияти Боқиев бо суқут анҷом ёфт. Бисёр як фарҷоми фоҷиавӣ надошт, натанҳо барои як худи ӯ, балки барои он даҳҳо нафаре ҳам, ки дар ин рӯзҳо дар Бишкек ба қатл расиданд. Фикр мекунам, Қурмонбек Боқиев ҳамчун як президенти номуваффақ ва ноком дар саҳифаҳои таърихи Қирғизистон боқӣ мемонад.”

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари дигари тоҷик, ки тақрибан 10 сол дар Қирғизистон кору зиндагӣ кардааст, мегӯяд, дар пайи ошӯби баҳори соли 2005 мухолифини қирғиз мехостанд, дар ивази Оқоев, ки аз аҳли зиё буд, як нафари мусаллат дар умури иқтисодӣ сари кор биояд, ки зимнан ба ормонҳои “инқилоби лолаӣ” низ пойбанд бошад. Боқиев ба ҳамин хотир аз миёни шахсиятҳои дигари мухолифин ба мақоми раҳбари аввал пазируфта шуд, вале дар ниҳоят ӯ на дар ҳалли масоили иқтисодиву иҷтимоӣ муваффақ шуд ва на дар роҳи иҷрои ваъдаҳои баланде, ки дар рӯзҳои суқути давлати Аскар Оқоев аз забони ӯву ҳамсафонаш берун ҷаста буд.

Қосими Бекмуҳаммад меафзояд: “Қурмонбек Боқиев амалан ба ҳеҷ яке аз ин шиорҳои “инқилоби лолаӣ” пойбанд набуд, балкӣ Қирғизистонро ба самту ба сӯе пеш бурд, ки дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ваҷҳа, ё имиҷи собиқи худ ба унвони “ҷазираи демократия”-ро аз даст дод ва амалан ба як кишвари дигари худкомаи ин минтақа табдил ёфт.”

ПАРВАРДАИ МАКТАБИ КАДРҲОИ КПСС


Ҳамин буд, ки Боқиев дар баҳори имсол ҳатто таҷлили расмӣ аз солгарди панҷуми “инқилоби лолаҳо”-ро, ки ӯ бо шарофати ҳамин инқилоб сари қудрат омад, “фаромӯш” ва дуруст дар солрӯзи он рӯйдодҳо эълон кард, ки низоми демократии роиҷ дар Ғарб барои Қирғизистон нест ва онҳо бояд аз як роҳи хос, ки Боқиев “демократияи машваратӣ” номаш дод, пеш бираванд.

Зимнан, мегӯянд таҳлилгарон, роҳи тайкардаи Қурмонбек Боқиев низ чандон далолат ба пойбандии ӯ ба арзишҳои демократӣ намекунад, балки Боқиев низ аз ҳамон парвардагони низоми шӯравист, ки дар деги кадрҳои ҳизби коммунисти ҳокими вақт пухтааст.

РОҲИ БОҚИЕВ

Қурмонбек Боқиев соли 1949 дар вилояти Ҷалолобод ба дунё омада, соли 1978, дар синни 29-солагӣ донишкадаи фаннии шаҳри Куйбишеви Русияро хатм кардааст. Дар давраи шӯравӣ то ба мақоми котиби аввали ҳизби коммунисти шаҳраки Кӯк-Ҷангак расида, дар солҳои 90 раҳбарии вилоёти Ҷалолободу Чуйро бар ӯҳда дошт. Дар поёни соли 2000 сарвазири Қирғизистон таъйин шуд, вале дар баҳори соли 2002 дар пайи рӯйдодҳои хунини Оқсу ба истеъфо рафт.

Дар натиҷаи “инқилоби лолаҳо”-и моҳи марти соли 2005, ки ҳукумати раисиҷумҳури вақт Аскар Оқоевро суқут дод, Боқиев ибтидо сарвазир ва сипас раисиҷумҳур интихоб шуд. Дар моҳи июли соли 2009 ӯ бо касби беш аз 90 дарсади оро дар интихоботе, ки мухолифин пуртақаллуб унвонаш карданд, ба даври дуввуми чорсолаи раҳбарӣ даст ёфт.

Боқиев ба дунболи ошӯбҳои хунини 7 апрел аз Бишкек ба зодгоҳаш – Ҷалолобод фирор кард ва шоми 15 апрел дар натиҷаи тавофуқе, ки бо ҳукумати муваққат бо миёнҷигии САҲА, ИА, СММ ва ширкати раҳбарони аввали Амрикову Русия ва Қазоқистон ба даст омад, ба шаҳри Тарози Қазоқистон рафт.

МУДИРИЯТИ ХОНАВОДАГӢ


Замин мондани ормонҳои “инқилоби лолаӣ”, батадриҷ аз саҳна танг кардани ҳамсафони пешин, ҳаракати пайгирона аз масири эҷоди низоми худкомаи шабеҳ бо давлатҳои дигари минтақа ва таъқибу зиндонӣ кардани мухолифин, ҳузури барҷаста ва беш аз ҳадди фарзандон ва бародарони раисиҷумҳур дар майдони ҳам сиёсат ва тиҷорати Қирғизистон, калавишҳои Боқиев дар байни бозигарони умдае, чун Амрикову Русия, аз умдатарин омилҳое дониста мешаванд, ки дар чунин як муддати аз нигоҳи таърих кӯтоҳ, яъне ҳамагӣ 5 сол, ситораи сиёсии Боқиевро аз ҳоли суъуд ба сӯи суқут бурд.

Коршиноси тоҷик Нуралии Давлат: “Ҳамон шиоре ки дар муқобили Аскар Оқоев истифода бурданд, яъне мубориза бо фасоду мубориза бо қудрате, ки хонаводаи Оқоев дар дасти худ мунсаҷим карда буд, Боқиев низ ба ҳамин маризӣ печид. Яъне такягоҳи худро нафақат дар байни ҷомиа ва дар миёни ҳамсафони худ аз даст дод ва ҳамсафонаш оҳиста-оҳиста аз ӯ фосила гирифтанд. Як сабаби аслии суқуташ низ ҳамин буд, ки бо фасод натавонист мубориза кунад, балки худ низ ба фасод олуда шуд. Аз ҷониби дигар, Боқиев хост, монанди президентҳои дигари Осиёи Марказӣ, низоми худкома бунёд кунад, аммо натавонист. Ва омили сеюм ин буд, ки Боқиев дар тайи чанд соли охир дар байни Русия ва Амрико калавиш хӯрд ва чун натавонист дар миёни ин абарқудратҳо хуб бозӣ кунад, дар натиҷа суқут кард.”

“БОШИЗМ”?

Тоҷигул Бегмедова, таҳлилгари туркман, ки дар Булғористон ба сар мебарад, мегӯяд, раҳбарии нисбатан нарми Аскар Оқоев заминаи муқовимати фаъолонаи ҷомиаи шаҳрвандиро дар Қирғизистон фароҳам карда буд ва азбаскӣ Боқиев дар натиҷаи намоиши чунин як муқовимат ҷойгузини Оқоев шуд, мардум табъан аз ӯ мунтазири ислоҳоти назар ба даврони пешгузаштааш ҷиддитаре буданд.

Интизорот аз Боқиев бузург буд, вале: “Боқиев низ дар раёсат , муттаассифона, ҳамон роҳи “бошизм”-ро пеш гирифт. Қудрат чизи хеле бераҳм аст ва на ҳама метавонад бори гарони мансабро ӯҳда карда, аз ин имтиҳон бигузарад. Бахусус вақте ки ҳама хушомадат мезананду ҳазор имтиёз дар дастрасат қарор дорад. Ва зоҳиран Боқиев аз ин нигоҳ заиф омад ва чун чандон иродаи кофие надошт, ба ин ҳама фирефта ва дода шуд.”

Интисоби аъзои хонаводаи Қурмонбек Боқиев ба мақомҳои калидии давлатӣ, ки намунаҳои барҷастаи чунин падида таъйини писари Боқиев – Максим - ба раҳбарии ожонси давлатии сармоягузорӣ, писари дигараш – Марат - ба як мақоми баланд дар хадамоти амнияти миллӣ ва бародараш Ҷонибек, ё худ Ҷаниш Боқиев ба фармондеҳии Хадамоти тозатаъсисёфтаи ҳифозати давлатӣ - чунин аст чанде аз мавориди мудирияти, ба истилоҳ, “хонаводагӣ”-и Боқиев, ки суқути ӯро наздик кард. Он ҳам дар ҳоле ки 5 сол қабл як сабаби аслии барканории ҳукумати Аскар Оқоев низ ҳамин мудирияти хонаводагӣ шуда буд.

ИМТИҲОНИ ҲУКУМАТИ НАВ


Аммо акнун ҳукумати нави муввақати Роза Отунбоева, ки ҷойгузини давлати Боқиев шуд, то куҷо хоҳад тавонист иштибоҳҳои Боқиеву Оқоевро такрор накунад ва орзуву омоли мардумро боз ҳам замин карда ва аз ҳамон пайроҳаи қадими худхоҳӣ, ки Оқоеву Боқиевро пайиҳам аз мақом сарозер кард, роҳ нахоҳад паймуд?

Ӯрозбек Мондоалиев, таҳлилгари қирғиз мегӯяд, ҳукумати нав дар муқоиса бо 5 соли пеш масъулияти бамаротиб бузургтареро бар дӯш мегирад ва ҳаққе барои чунин як иштибоҳи дигар нахоҳад дошт.

Ӯ мегӯяд: “Чунин хатар ҳамеша вуҷуд дорад. Қудрат ҳар нафарро метавонад тағйир диҳад. Ва агар майдони салоҳиятҳои ӯ қонунан маҳдуд нашавад, ҳар нафари соҳибқудрат дар баробари имтиёзҳое қарор мегирад, ки метавонанд фирефта шавад ва ӯро ба роҳи таъсиси низоми худкома ҳидоят карда, дар ниҳоят ба як ҳокими мустабид табдил диҳад. Машрӯъияти раҳбарони нави Қирғизистон феълан ба обрӯи шахсии онҳо такя мезанад. Ҳоло, ки на парлумон вуҷуд дорад, на ҳукумати иҷроия ва на президент, вале онҳо набояд ба ин фирефта шаванд. Мо метавонем фақат умед бандем, ки чунин нахоҳад шуд.”

СУЛТАИ ХОНАВОДАҲОИ ДИГАРИ МИНТАҚА

Ва аммо айни усули давлатдорӣ, яъне ҳамон низомҳои худкома, ҳамон таборгароиву минтақагароӣ, айни мушкилоти иҷтимоиву фақри саросарӣ ва ҳузури густурдаи аҳли хонаводаи президентҳоро метавон дар соъир кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ мушоҳида кард.

Дар Қазоқистон тайи муддатҳо сӯҳбат аз нақши густурда ва дасти дарози дахолати Дориға Назарбоева, духтари президент Нурсултон Назарбоев, ва шавҳари ӯ дар умури давлатӣ мерафт. Баъди фирори Роҳат Алиев аз Қазоқистон пойи Дориға дар саҳна танг шуд, вале акнун чунин нақши барҷастаро духтари дигари Назарбоев – Динора ва шавҳари ӯ Темур Қулибоев, муовини раиси Сандуқи давлатии мавсум ба “Хазина” ба худ ихтисос додаанд. Дар Узбакистон Гулнора Каримова, духтарбузурги президент Ислом Каримов чунин таъриф мешавад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ 7 духтар ва 2 писар дорад. Духтари ӯ Озода Раҳмонова муовини вазири хориҷа ва писараш Рустами Эмомалӣ - муовини раиси Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон ва як мақоми баланди кумитаи амволи давлатӣ ва сармоягузорист, ки дар моҳи феврал вакили маҷлиси шаҳри Душанбе низ интихоб шуд.

ҚИРҒИЗИСТОН ТАКРОР НАМЕШАВАД?


Аммо маҳофил эҳтимоли такрори ҳаводисе, чун рӯйдодҳои ахири Қирғизистонро, дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дастикам дар кӯтоҳмуддат баъид медонанд.

Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси тоҷик мегӯяд, пеш аз ҳама менталитети мардуми қирғиз аз боқӣ ақвоми сокини Осиёи Марказӣ фарқ мекунад ва он мардум, ки тайи 15 соли ҳукумати Аскар Оқоев ва баъд тавонистааст дар амри эҷоди ҷомиаи маданӣ ба пешрафтҳое даст биёбад, тан додан ба тақдир дар баробари раҳбаронро усулан қабул надорад.

Аз сӯи дигар, низомҳои ҳоким дар 4 кишвари дигари минтақа, бахусус дар Узбакистон, тайи ду даҳаи ахир чунон тақвият ёфтаанд, ки зуҳури мухолифини билқувваро дар саҳна аслан иҷозат намедиҳад. Ба назари оқои Бекмуҳаммад, дар Тоҷикистон бар илова собиқаи 10 соли нооромиҳои солҳои 90 ҳам ҳаст, ки аҳзобу гурӯҳҳоро маҷбур мекунад, ҳатто баъди ин рӯйдодҳои Қирғизистон низ ҳамоно батадриҷ ва боэҳтиёт пеш бираванд.

Аммо дар ҳар сурат, мегӯяд ин коршинос, суқути давлати Боқиев барои минтақа бидуни пайомадҳое нахоҳад монд: “Кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сурати умда, албатта, қонунҳои асосии худро бознигарӣ нахоҳанд кард ва мудирони мавҷуди ин кишварҳо ба фаъолиятҳо ва ҳам диди ҳузури худ дар раъси қудрат тадовум хоҳанд дод. Вале ин нукта мусаллам аст, ки онҳо монеъи густарда шудани мудохилаи аъзои хонаводаҳояшон ва бастагонашон дар умури сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳояшон ба сурати ҳод ва озод хоҳанд шуд.”

ИШТИҲОИ ЗАДАШУДА


Тоҷигул Бекмедова, таҳлилгари туркман, ки дар Булғористон ба сар мебарад, мӯътақид аст, ки таҳаввулоти Қирғизистон хоби хеле аз раҳбарони минтақаро ҳаром кард ва ҳатман иштиҳои пайвандони онҳоро ҳадди ақал дар кӯтоҳмуддат як андоза хоҳад зад: “Албатта, хоби ин мардум ҳаром шуд. Гумон аст, ки онҳо дар ин шабу рӯз ором бихобанд. Сониян, онҳо талош хоҳанд кард, ки пеши роҳи хуруҷи иттилоот дар бораи аҳли хонаводаи раҳбарони аввалро бигиранд. Мисли раисиҷумҳури Туркманистон, ки касе то ҳол намедонад, завҷаи ӯ кист ё чанд фарзандон дорад. Албатта, бархе иқдомоти пешгирикунанда дар ин замина ҳатман гирифта хоҳад шуд.”

Аммо Нуралии Давлат, таҳлилгари тоҷик дар ин бора назари дигар дорад ва мегӯяд, гумон аст ки рӯйдодҳои ахири Қирғизистон ба амалкардҳои раҳбарони дигари Осиёи Марказӣ таъсири чандоне ба ҷо гузорад: “Ман фикр мекунам, ки зиёд нигарон намешаванд. Вақте ки Аскар Оқоев суқут кард, хеле нигарон буданд, аммо сипас диданд, ки Оқоев масунияташро ҳифз кард ва аз фарзандони ӯ низ касе ба додгоҳ кашонида нашуд. Ин бор агар ҳукумати муваққат муваффақ шавад, ки ҳадди ақал ягон нафар аз фарзандони Боқиев, масалан, Максим Боқиевро ё кадоме аз бародарони Боқиевро ба масъулият бикашонад, пас инҳо метавонанд нигарон шаванд. Дар ғайри сурат, фикр накунам, ки зиёд парешон шаванд.”


ЛОЛАКУШӢ ДАР УЗБАКИСТОН

Бо ин ҳама адиби маъруфи тоҷик Наҷмуддини Шоҳинбод аз таҳаввулоти Қирғизистон чигуна муттаассир шудани низомҳои дигари ҳоким дар минтақаро чунин ба риштаи танз кашидааст: “Бо Фармони Вазорати кишоварзии Узбакистон дар ҳамаи дашту теппаҳои ин ҷумҳурӣ ба таври оммавӣ гули лолаи баҳорӣ нобуд карда шуд. Мутахассисони вазорат собит карданд, ки тухми гули лола ба таври қочоқ аз Қирғизистон омадааст. Вазорат ҳамзамон изҳорот пахш кард, ки ин маърака ғарази сиёсӣ надорад.”

САБАБИ ИСТИҚБОЛИ ГАРМИ РУСИЯ ЧӢ БУД?


Бо вуҷуди истиқболи тақрибан билофосила ва ошкору гарми Русия аз ҳукумати нави муваққат дар Бишкек, таҳлилгарон нақши омили хориҷиро дар табдили қудрат дар Қирғизистон, ки дар 5 соли охир бори дуввум аст мушоҳида мешавад, асосӣ ва гузашта аз он, ҳаллкунанда намешуморанд.

Вале мегӯянд, ин таҳаввулот низомҳои дигари ҳоким дар Осиёи Марказиро ҳатман ҳушёртар хоҳад кард ва давлатҳои аз нигоҳи тавонмандиҳои сиёсиву иқтисодӣ заифтаре, чун Тоҷикистон, аз ин ба баъд дар иттихози иқдомҳо бештар рӯи вокуниши эҳтимолии Маскав хоҳанд андешид.

Вале маҳофил бештар аз ин тарс доранд, ки мабодо сарнавишти талхи Қурмонбек Боқиев инстинкти худдифоъиро дар низомҳои дигари минтақа таҳрики дигар дода, натиҷааш ба масири саркӯбгароии боз ҳам шадидтар пой ниҳодани ин низомҳои бе ин ҳам саркӯбгар шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG