Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боқиев ба таври расмӣ аз вазифааш истеъфо дод


Раҳбарони нави Қирғизистон мегӯянд, президенти барканоршуда Қурмонбек Боқиев расман ба истеъфо рафт. Боқиев аризаи худро дар шакли дастнавис ба Бишкек факс кардааст. Вай пас аз чанд рӯзи нооромиҳои хушунатбор, ки 84 кушта бар ҷой гузоштанд, ба Қазоқистони ҳамсоя паноҳ бурд. Қазоқистон, раҳбари даврии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мегӯяд, ин кишвар якҷо бо Иёлоти Муттаҳида ва Русия Боқиевро ба хуруҷ аз Қирғизистон розӣ кардаанд.

Раисиҷумҳури Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев, дар нишасти хабарӣ дар Остона гуфт, хуруҷи Боқиев метавонад ба эътидол дар Қирғизистон кӯмак кунад: "Шукри гуфтушунидҳое, ки ман шабу рӯз ба хотири қатъи даргирӣ байни мухолифон ва Боқиев ва пешгирӣ аз марги инсонҳо, ором кардани мардуми қирғиз, ба роҳ мондам ва мо Боқиевро дар ҳавопаймои Қазоқистон аз Қирғизистон берун бурдем. Ман фикр мекунам, ин амал вазъро ором мекунад ва ба халқи қирғиз имкон медиҳад, ки дар фазои сулҳомез кору зиндагӣ кунад."

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Бан Кӣ-мун аз хуруҷи Боқиев ҳамчун як қадами муҳим ба сӯи пешрафтҳои сулҳомез, устувор, шукуфон ва демократии Қирғизистон ситоиш кард. Ҳукумати муваққати Қирғизистон ваъда додааст, ки дар шаш моҳи оянда тарҳи қонуни асосии навро омода ва интихоботро баргузор мекунад. Раҳбари ин ҳукумат Роза Отунбоева ҳамчунин ваъда кардааст, ки дар робита ба тирандозиҳои марговари 7-уми апрел Боқиевро ба додгоҳ хоҳад кашид.
XS
SM
MD
LG