Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи ҷойивазкуниҳо дар ҳукумати Тоҷикистон


Бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати он бархе аз дигаргуниҳои кадрӣ ба вуқӯъ пайваст. Чунончӣ, собиқ узви Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, Латофат Шарифова дар ивази Субҳиддин Ашӯров муовини вазири шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъин шуд. Собиқ мудири бахш дар ин вазорат, Темур Табаров низ ба мақоми муовини вазири шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ расид. Бо қарори дигари ҳукумат раиси хадамоти давлатии назорат дар умури кор, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллоев мудири Бунгоҳи давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират таъин шуд. Ва собиқ ноиби раиси бахши ҳуқуқ дар Дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Самадов раиси хадамоти давлатии назорат дар умури кор, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъин гардид.
XS
SM
MD
LG