Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари Хотамӣ ба Токио ба вуқӯъ напайваст


Вакили раисиҷумҳури собиқи ислоҳталаби Эрон, Муҳаммади Хотамӣ мегӯяд, хориҷ шудан аз Эрон барои муштарии ӯ мамнӯъ нашудааст, аммо мақомот ба вай машварати дӯстона додаанд, ки сафари тарҳрезишудааш ба Ҷопонро лағв кунад. Хотамӣ мебоист рӯзи панҷшанбе барои ширкат дар конфаронси халъи силоҳи ҳастаӣ ба Токио сафар мекард. Аммо ҳоло гуфта мешавад, фармони расмии манъи сафари ӯ вуҷуд надоштааст. Мақомот Хотамиро барои пуштибонияш аз номзади нокоми интихоботи президентии моҳи июни соли гузашта, Мирҳусейни Мӯсавӣ ҳадаф гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG