Пайвандҳои дастрасӣ

Нашрияи "Комсомолская Правда", чопи Маскав исми 22 занеро нашр кардааст, ки пулис онҳоро маргталабони эҳтимолӣ медонад. Нашрия ин иқдомро ба хотири оромии ҷомеа унвон кардааст, аммо ҳомиёни ҳуқуқ онро нақзи ҳуқуқи инсон мегӯянд.

Оиша Макашарипова, сокини Махачқалъаи Доғистон ахиран ҳангоми бозгашт аз кор ба хона мушоҳида кард, ки афроди ношинос ӯро думболагир мекунанд.

Ӯ мегӯяд: "Ман дар як дӯкон фурушандаам ва маъмулан соатҳои 11-и шаб ба хона бармегардам. Ҳамин рӯзҳо ман дақиқан мушоҳида кардам, ки дар масири бозгашти ман ба хона мошинҳои ношиноси шашаҳояшон сиёҳ маро думболигир шудаанд ва афроде ҳам пиёда ба думболи ман мераванд. Бо ин ҳол, ман маҷбурам аз шиносҳоям хоҳиш кунам, ки маро то расидан ба хона ҳамроҳӣ кунанд. Ман аз амнияти худ нигаронам ва намедонам, ки ин ҳама чи маънӣ дорад. Ҳоло модарам аз ман талаб дорад, ки дигар кор накунам ва хонанишин шавам. Ӯ ҳам аз манияти ман дар ташвиш аст".

Аммо Оиша Макашарипова ба зудӣ дарёфт, ки ин ҳама чӣ маънӣ дорад.

Нашрияи "Комсомолская правда", дар таърихи 9 апрел, акси 22 занро нашр кард, ки хешу табори онҳо аз ҷониби нерӯҳои рус кушта шадаанд ва акнун Маскав онҳро маргталабони эҳтимолӣ унвон кардааст.

Номи Оишаи сӣ сола, модари чаҳор фарзанд, ки бародараш Расул соли 2005 дар ҷанг бо Русия кушда шуд, низ ба ин руйхат шомил буд. Оиша Макашарипова дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, вақте хешовандонаш нашрияро бо акс ва маълумоти дигар дар бораи ӯ нишон доданд, ӯ аз тарс шах шуд.

Ӯ ҳамагуна иртиботи худ бо терроризмро рад мекунад ва қавл додааст, ки нашрияро ба додгоҳ бикашад.

Ба думболи таркишҳо дар метрои Маскав, вақте ду зани маргталаб даҳҳо нафарро ҳалок ва даҳҳо вагонро хароб карданд, ниҳодҳои ҳифзи тартибот тамаркузро рӯи ҳамсар ва хоҳарони ҷангиён, ки дар набардҳо бо нерӯҳои Русия дар Қафқози Шимолӣ кушта шудаанд, афзун карданд.

Лақаби "Беваҳои сиёҳ" - ро занҳое гирифтаанд, ки наздикони худро дар ҷанги Қафқози Шимолӣ аз даст доданд ва дар чанд соли ахир воқеъан дар Руссия амалҳои интиҳорӣ анҷом додаанд.

Онҳо ду ҳавопаймо ва ду дафъа метрои Маскавро мунфаҷир карданд ва дар як консерти мусиқии рок ҳуҷуми интиҳорӣ анҷом доданд.

Аммо мунақидони Кремл мегӯяд, дар роҳи ҷилавгирӣ аз амалкарди "Беваҳои сиёҳ" нерӯҳои қудратӣ дар симои наздикони мардҳои кушташудаи чечен ва доғистонӣ маргталаби эҳтимолиро мебинанд.

Ва нашри акси занҳо аз ҷониби як нашрияи мӯътабар ба оташи хашми ҳомиёни ҳуқуқи инсон рӯған рехтааст.

Александр Котс, муаллифи мақолаи “Комсомолская Правада”, ки аксҳоро дар мақолаи худ ҷой додааст, дар сӯхбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки маводи мақола аз тарафи мақомоти ҳифзи тартибот таъмин шуда буд ва мақомот ба робитаи ин занҳо бо гурӯҳҳои зеризаминӣ машкук шудаанд.

Котс аз тасмими нашрия дар заминаи пахши аксу маълумот дар бораи 22 зан пуштибонӣ кард ва гуфт, мӯътақид аст, ки ин амал ба манфъати ҷомеъа анҷом шудааст.

Ӯ мегӯяд: "Сухан аз боби гумонбар будан нест, сухан аз боби тадбирандешӣ аст. То ҷойе ман мефаҳмам ин занҳо дар Доғиистон таҳти назорати ходимони ниҳодҳои ҳифзи тартибот қарор доранд, бо ҳадафе, ки ҳеҷ яке онҳо натавонад барои анҷоми амали интиҳорӣ дар метро ба Маскав равад".


Александ Котс як ҳадафи дигари пахши матлабро ниёзи бозори матбуот ба матолиби доғи ҳамсанги ин, унвон кард. Ӯ гуфт, “ман як хабарннигорам ва ҳадафи ман дарёфти ахбори бозоргир аст. Мо ҳама дар замони иқтисоди бозаргонӣ ба сар мебарем ва ҳама мехоҳем муштарии ҳудро матаҳайир созем”.

Андрей Рихтер, раҳбари пажӯҳшгоҳи Қонуни иттилоот, мустақар дар Маскав гуфт, қонунҳои Русия дар ин масъала хеле духурагӣ доранд.

Ӯ мегӯяд: "Аз нуктаи назари кодекси шаҳрвандӣ нашри акси як фард бе иҷозаи ӯ мамнӯъ аст, магар ин ки ин амал ба манфиъати давлат ва ҷомеъа бошад. Аммо на дар кодекс ва дар шарҳи он гуфта нашудааст, ки "Манфиъати давлату ҷамъят" ба чӣ маънӣ аст? Бинобар ин ин як пайроҳае лағжонакест, ки рӯзноманигор дар он гом мебардорад".

Андрей Рихтер афзуд, ки рӯзноманигорон ҳамчунин маълумоти хусусӣ дар бораи афродро, ки аз мақомоти ҳифзи тартибот ба даст овардаанд, нашр мекунанд. Маълум нест, ки "Комсомолская Правда" маълумот дар бораи занҳоро бо дархости мақомот чоп кардааст, ё мақомот ин иттилоъро бо роҳҳои дигар барқастона дарҷ кардаанд.

Аммо бо вуҷуди ин Андрей Рихтер нашри акси занҳо ва маълумот дар бораи онҳоро хилофи меъёрҳои журналистӣ медонад.

Ба гурӯҳи занҳое, ки "Комсомолская Правда аксашонро нашр кардааст, ҳомии ҳуқуқи башари Доғиистон, раиси созмони ғайридавлатии "Модарҳои Доғистон барои ҳуқуқи башар", Гулнора Рустамова низ шомил аст.

Ӯ мегӯяд, ки ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ тартибот бояд рабти ин ё он нафар бо гурӯҳҳои террористиро бо далел собит кунанд. "Вақте ман аз онҳо мепурсам, аз ман чӣ шикояд доред, ҳеҷ гоҳ надидаам, ки далеле пеш оварда бошанд", - мегӯяд Гулнора Рустамова.

Ходимони созмони ҳуқуқи башари "Мемориал" дар амалкардҳои мақомот чизи аҷибу ғариберо намебинанд. Онҳо мегӯянд, ин идомаи ҳамон сиёсати даврони Шуравӣ аст, ки ҳоло низ реша дар об дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG