Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати ду шаҳрванди Тоҷикистон дар ярч ва сел


Ду сокини деҳаи Даштиҷуми нохияи Шӯроободи вилояти Хатлон дар ярч ҳалок шудаанд ва сел 27 манзилро дар ин ҷо вайрон кардааст. Роҳи мошингарди Душанбе-Бадахшон низ, ки аз ҳудуди ҳамин ҷамоат мегузарад, баста шудааст. Одина Эшонов, раиси ҷамоати Даштиҷум мегӯяд, дар пайи ин офати табиӣ, ба 14 деҳаи ду ҷамоат имкони рафтуомад номумкин шудааст. Сокинони минтақа мегӯянд, ягон ниҳоди давлатӣ ба кӯмаки онҳо нарасидааст. Яке аз онҳо, Мастона Холова, чунин мегӯяд:

«Аз хонаҳоямон чизе нишон намондааст. Раиси ҷамоат омада гуфт, ки ба хонаи хешу таборатон равед, ки дигар мо ҳеч кӯмак карда наметавонем. Ҳоло дар ба дар гаштаем».

Панҷ рӯз пеш, 11-уми апрел, сел 236 манзили сокинони ноҳияи Восеъ ва даҳҳо ҳектор боғу киштзори онҳоро тахриб кард. Ва ҳамон рӯз 30 хонаводаи шаҳраки Сарбанди вилояти Хатлон, дар 120 километрии ҷануби Душанбе аз сел осеб диданд, вале ба онҳо низ имдоде расонида нашудааст.
XS
SM
MD
LG