Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дарёфти нақшаи ҳаракати раҳбарони Русия аз ронандаи тоҷик


Таксирони тоҷик дар Маскав ба он айбдор шуд, ки харитаи махфии ҳаракати корвони мошинҳои раҳбарони аввали Русияро дуздидааст. Ин нақша, ки заминаи ҳифзи амнияти сарони Русия ҳангоми ҳаракат дар Маскав шумурда мешавад, аввали ҳафта гум шуда, дар Бунгоҳи бозрасии автомобилии Русия воҳимаеро ба вуҷуд оварда буд. Афсаре, ки харитаро гум кард, аз кор ронда ва тарҳи ҳаракати мошинҳо иваз карда шуд. Аммо шоми 6-уми апрел, ҳангоми нигоҳ доштани як таксӣ, ронандаи он, шаҳрванди Тоҷикистон, якҷо бо асноди худ ин ҷадвали барояш ноаҳфморо низ ба бозраси роҳ пешкаш кард ва ҳамон замон боздошт шуд. Ронанда гуфтааст, гуноҳе надорад, як рӯз пеш бозраси роҳ пас аз тафтиши аснод онро якҷо бо ҳуҷҷатҳои ронанда ба ӯ додааст.
XS
SM
MD
LG