Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Ҷаҳони варзиш»: аз футболи Тоҷикистон ба футболи Русия


Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» сӯҳбате дорем бо Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, дар бораи мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон.

Сипас бо хоҳиши бархе аз шунавандагони маҷалла дар бораи он тоҷикписароне, ки дар айни ҳол дар дастаҳои Русия бозӣ мекунанд, инчунин, легионерҳои футболи тоҷик маълумот медиҳем.

Ҳамчунин дар ин барнома шунавандагонро бо хабарҳои тозаи варзишӣ ошно мекунем:

Муштзани маъруфи амрикоӣ Эвандер Холифилд, собиқ қаҳрамони мутлақи ҷаҳон дар ду вазн, дар қувваозмоӣ дар шаҳри Лас-Вегаси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар Франсуа Боту, собиқ қаҳрамони ҷаҳон дар вазни сангинтарин, пирӯз шуд. Собиқадори бокси амрикоӣ дар муддати 8 раунд бартарӣ дошт ва пасиҳам зарба мезад. Билохира Боту ба зарбаҳои рақибаш тоб оварда натавонист ва рӯи фарши ринг уфтод. Сардовар қувваозмоиро қатъ намуд ва Холифилди 47-соларо пеш аз мӯҳлат ғолиб эълон кард.

Муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни ҷавонон, ки аз 20-уми апрел то 2-юми май дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку доир хоҳад шуд, ширкат хоҳанд кард. Ба иттилои Абдурашид Маҳмадҷонов, мураббии дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон, дар сабқати ҷаҳонӣ шарафи бокси тоҷикро муштзанҳои ҷавон Ораз Афзалшоев дар вазни 54 кило, Нодир Муҳаммадиев дар вазни 81 кило ва Меҳроҷиддин Каримов дар вазни беш аз 91 кило ҳимоя хоҳанд кард.

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол, ки моҳи июни соли равон дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ баргузор мешавад, ба рушди соҳибкории хурду миёна дар минтақа такони сахт дод. Вале соҳибкороне, ки мехоҳанд дар яке аз мусобиқоти машҳуртарини варзишии ҷаҳон бой шаванд, на ҳамеша аз рӯи чаҳорчӯбаи қонун амал мекунанд. Ба иттилои хабаргузории Associated Press пулис дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ тахминан 12 ҳазор футболка ё пероҳани тақаллубии тими миллии кишварро мусодира кардааст. Ба гуфтаи Вишну Наиду, намояндаи пулис, мошини боркаш бо сифоти мушаххаси тақаллубии варзишӣ дар сарҳад бо Свазиленд боздошт шудааст. Нархи колои мусодирашуда 3,6 миллион рэнд ё 493 ҳазор долларро ташкил медиҳад ва ҳамаи маҳсулот дар ҳудуди Чин истеҳсол шудааст. Аз ин ҳодиса намояндагони ФИФА – Созмони байнулмилалии футбол, ки дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ кор мекунанд, хабардор карда шуданд. Хабарнигорон таъкид мекунанд, ки ба футболкаҳои тими миллии Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар кишвар талабот зиёд аст.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG