Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таблиғи Роғун дар телевизиони тоҷик густариш хоҳад ёфт


Дар ҳоле ки бисёре аз расонаҳои хабарӣ мегӯянд, Тоҷикистон бо дархости Сандуқи байнулмилалии пул, пахши намоиш ва таблиғҳои марбут ба сохтмони нерӯгоҳи Роғунро қатъ кардааст, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, Асадулло Раҳмонов ба хабарнигорон гуфт, ин хабар ҳақиқат надорад ва пахши танҳо бархе аз амалҳои таблиғотӣ, ки тавре ӯ мегяд, ба "зоҳирпарастӣ" табдил ёфтаанд, қатъ гаштааст. Раҳмонов афзуд, фаъолияти маркази матбуотии Роғун дар Шабакаи аввали телевзиони Тоҷикистон густариши бештар касб хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG