Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Покистон ба гузориши СММ дар бораи Бҳутто


Ҳукумати Покистон мегӯяд, гузориши Созмони Милал дар бораи натиҷаҳои пажӯҳиши сӯиқасди марговар ба сарвазири собиқ Беназир Бҳутто роҳро барои "таҳқиқи зарурӣ" аз ҷониби полис боз мекунад. Бҳутто дар моҳи декабри соли 2007, дар ҳоле ки пас аз нӯҳ соли ғурбат барои ширкат дар интихобот ва тақисми қудрат бо президенти вақт Парвиз Мушарраф ба ватанаш баргашта буд, дар як ҳамла бо истифода аз таркиши маргталабона ва тирандозӣ ба ҳалокат расид. Ҳукумати Мушарраф ситезаҷӯёни покистонии пайванд бо Ал Қоидаро дар ин куштор айбдор медонад. Аммо пажӯҳишгарони Созмони Милал мегӯянд, ҳукумати Мушарраф ва ниҳодҳои амниятии он, агар мехостанд, метавонистанд аз ҳамла Бҳутто пешгирӣ кунанд. Дар ҳамин ҳол Рашид Қурайшӣ, ёвари Мушарраф имрӯз гузориши Созмони Милалро рад кард ва онро "як баста дурӯғ" номид.
XS
SM
MD
LG