Пайвандҳои дастрасӣ

Лағви парвозҳо ба иллати абри азими хокистари вулқон


Абри азими хокистар аз вулқони Исландия ними Аврупоро пӯшонда, ба лағви ҳазорон парвози дигари ҳавопаймоҳо сабаб гаштааст. Бунгоҳи назорати парвозҳои Аврупо мегӯяд, мумкин аст, имрӯз бар асари густариши абре, ки ба муҳаррики ҳавопаймоҳо ва таъини масир халал мерасонад, наздик ба 17 000 парвози дигар лағв гардад. Коршиносон ҳушдор медиҳанд, абри хокистар, ки аз бедор шудани вулқони Аюведлеюк дар ҷанубушарқи Исландия ба ҳаво хестааст, боз чанд рӯзи дигар парешон нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG