Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломи натоиҷи таҳқиқоти марги Беназир Бҳутто


"Агар мақомоти покистонӣ чораҳои муносиби амниятиро ба кор мебурданд, сарвазир Беназир Бҳутто метавонист аз сӯиқасд ҷон ба саломат барад." Ин аст хулосаи асосии гузориши Комиссиёни пажӯҳишии СММ пас аз таҳқиқи тӯлонии ҳодисаи марги Бҳутто.

Ин гузориш дар ҳоле ба нашр расид, ки аз сӯиқасди марговар ба Беназир Бҳутто зиёда аз ду сол сипарӣ мешавад. Пажӯҳишгарон қотеъона мегӯянд, сарвазир Бҳутто дар натиҷаи бетаваҷҷӯҳи мақомоти покистонӣ ба амнияти ӯ дар 27-уми декабри соли 2007 дар шаҳри Равалпиндӣ ба ҳалокат расид.

Бо вожаҳои тунд ва лаҳни ба таври ғайримуқаррарӣ шадид аъзои ҳайати Созмони Милал чандин мавриди ҳафтаҳо ва рӯзҳо пеш аз қатли Бҳутторо намуна меоранд, ки дар ҳоли расидагии дуруст ба онҳо фоҷеа қобили пешгирӣ буд. Дар гузориши 65-сафҳагӣ далелҳои зиёде оварда шудааст ва ин нукта ҳам баён гаштааст, ки таҳқиқи сӯиқасд низ аз тарафи полиси Покистон амдан дилу бедилон сурат гирифтааст.

Саҳлангории ниҳодҳои амниятӣ

Раиси ҳайати пажӯҳишии Созмони Милал, дипломат аз Чилӣ Ҳеролд Муноз мегӯяд, мутаассифона, мақомоти покистонӣ агар ҷиддан амнияти Бҳутторо таъмин мекарданд, рӯйдоди хунин ба вуқӯъ намепайваст.

Вай меафзояд, "масъулияти амнияти хонуми Бҳутто дар рӯзи сӯиқасд бар дӯши ҳукумати федерол, ҳукумати аёлати Панҷоб ва полиси шаҳри Равалпиндӣ буд. Ҳеҷ яке аз ин ниҳодҳо дидаву дониста чораҳои зарурӣ надид, ки ҷавобгӯи хатарҳои азим, нав ва ногузири алайҳи ӯ бошанд."

Дар гузориши Созмони Милал аз ҳукумати вақти Покистон, таҳти сарварии президент Парвиз Мушарраф интиқод мешавад, ки бо вуҷуди як сӯиқасди ноком ба ҷони Беназир Бҳутто дар Карочӣ ҳангоми бозгашти ӯ аз Лондон ду моҳ пеш аз маргаш, дар баробари таҳдидҳои нав ва ҷиддӣ бетафовутӣ нишон дод.

Пажӯҳишгарони байнулмилал, ки собиқ Додситони кулли Индунезӣ Марзукӣ Дарусман ва собиқ ноиби сардори полиси Ирлонд Питер Фитзҷералд низ шомили онҳоянд, мегӯянд, мақомоти покистонӣ дар таҳқиқи куштори Беназир Бҳутто низ кӯтоҳӣ кардаанд. Дар оғоз онҳо ҷои қатлро ба муҳосира нагирифтанд ва далелҳои шаъйиро сари вақт ҷамъ наоварданд.

Онҳо ҳамчунин ба иҷрокунандагони сӯиқасд тамаркуз карда, аз пайи фармоишгарон ва тарҳрезони қатл нарафтаанд. Ҳол он ки ҳанӯз ҳамон вақт чандин манбаъ аз таҳдидҳои Ал-Қоида, Толибон, гурӯҳҳои маҳаллии ҷиҳодӣ ва бархе аз аъзои аршади ниҳодҳои қудратии Покистон хабар медоданд.

Сарпечии мақомот аз ҳамкорӣ бо пажӯҳишгарон

Мақомоти покистонӣ ҳамчунин барои кори ҳайати пажӯҳишии Созмони Милал низ шароити мусоид фароҳам наовардаанд. Даҳҳо мансабдорони аршади Покистон аз сӯҳбат бо аъзои ҳайат сарпечӣ кардаанд. гузашта аз ин мақомоти баландпояи кишварҳои гуногун, аз ҷумла вазири собиқи умури хориҷии Амрико, Кондолиза Райс ва сарони хадамоти махсуси Арабистони Саудӣ аз посух додан ба пурсишҳои ҳайат саркашӣ кардаанд.

Ҳамчунин раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай ва намояндаи вақти Амрико дар Созмони Милал Залмай Хализод, ки дар гуфтушунидҳои бозгашти Бҳутто ба Покистон саҳим буданд, ба мулоқот бо аъзои ҳайат ризоият надоданд.

Худи нашри гузориш низ бо мушкилҳое рӯбарӯ гашт. Дар ҳоле ки он мебоист, рӯзи 30-юми март нашр мешуд, бо дархости таъҷилии раисиҷумҳури Покистон, ҳамсари Бҳутто, Осафалии Зардорӣ, ба таъвиқ афтод. Пас аз даҳ дақиқаи нашри гузориш намояндаи доимии Покистон дар Созмони Милал Абдуллоҳ Ҳорун, ба таври ногаҳонӣ нишасти хабарии марбут ба гузоришро лағв ва ба Покистон парвоз кард, то матни гузоришро шахсан ба ҳукумати худ бирасонад.
XS
SM
MD
LG