Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар деҳаи Даштиҷуми нохияи Шӯроободи вилояти Хатлон бар асари фаромадани селу лойоба ду нафар ҳалок ва 27 манзили зист хароб гаштаааст. Роҳи мошингарди Душанбе-Бадахшон низ, ки аз ҳудуди ҳамин ҷамоат мегузарад, баста шудааст.

Афроди ҳалокшуда, яке Маҳмадназар Қурбонов, сокини деҳаи Даштиҷум ва дигари ҷавоне бо номи Кишвар сокини ноҳияи Дарвоз будааст. Ҷасади ин ҷавон то ба ҳанӯз пайдо нашудааст.

Бинобар нарасидани кӯмаки тиббӣ ду нафари дигар, Ғайраталӣ Сайдаҳмадов, ки аз сангрезӣ осеб дидааст ва Моҳинави Сабзалӣ, ки ба хунравии хавфнок гирифтор шудааст, дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Имкони расонидани ёрии тиббӣ ба зарардидагон ба далели баста шудан роҳҳо мушкил шудаст. Одина Эшонов, раиси ҷамоати Даштиҷум мегӯяд, дар пайи ин офати табиӣ, ба 14 деҳаи ду ҷамоат имкони рафтуомад номумкин шудааст.

Вай мегӯяд: «Пулу роҳи ҳудуди ин ҷамоат хароб шудааст ва роҳҳо бастаанд, вале техникаҳо кор карда истодаанд. Шояд рӯзҳои наздик роҳ кушода шавад».

Аммо дар ҳамин ҳол, сокинони ин деҳот мегӯянд, онҳо ба мушкилоти зиёде дучор шудаанд, вале касе аз мақомот ба кӯмакашон намерасад.

Сӯҳроб Раҳимов, сокини ин деҳа мегӯяд, ҳукумати ноҳия ба сокинон танҳо бо ирсоли як мактуб ҳушдор додааст, ки то баратараф гардидани хатар берун аз хонаҳояшон ба сар баранд.

Ӯ гуфт: «Аз ноҳия гуфтаанд, ки шабҳои боронӣ дар хонаҳоямон наистем. Дигар ягон намояндаи ҳукумат ба ҷои ҳодиса наомад, ки аз ҳоли мо зарардидагон хабар бигиранд».

Мастона Холова, як зарардидаи дигар мегӯяд, хонаву молу амволаш комилан зери лой мондааст ва ҳоли ҳозир эшон дар мактаби деҳа, ки вайроннашуда боқӣ мондааст, ҳамроҳи дигар ҳамдеҳагон ба сар мебаранд.

Вай мегӯяд: «Аз хонаҳоямон чизе нишон намондааст. Раиси ҷамоат омада гуфт, ки ба хонаи хешу таборатон равед, ки дигар мо ҳеч кӯмак карда наметавонем. Ҳоло дар ба дар гаштаем».

Раҳматалӣ Назриев, хабарнигори Радиои Тоҷикистон ва сокини деҳаи Гринги Даштиҷум, ки дар маҳалли ҳодиса қарор дорад, мегӯяд, вазъи мардуми зарардида хеле нигаронкунанда аст.

Ба гуфтаи ӯ, як сокини ин деҳа аз зарби санг сахт маъюб шуда, як зани дигар ба бемории хунрав гирифтор шудааст ва бинобар баста будани роҳ ба онҳо кӯмаки тиббиӣ расонида намешавад.

Ӯ афзуд: «Касе ба ин мардум то ба ҳол дасти мадад дароз накардааст. Рафтуомад манъ шудааст ва ҳоло мардум аз ҳисоби маводи гизоӣ низ танқисӣ мекашад».

Рамазон Неъматов, сардори ситоди ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи шахрвандӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, аз ин ҳолати мардум хабардоранд, вале бинобар сабабе, ки дар нохияи Восеъ низ чунин ҳолат ба амал омадааст, онҳо натавонистанд, сари вакт ба кӯмаки мардуми Даштиҷум бишитобанд.

Неъматов афзуд: «Имруз мо як гурӯҳро равон кардем, ки рафта бо ҳукумати ноҳия ҷои зарарро бинанд. Сабабу миқдори зарар, ки муайян шуд, мо ба мардум кӯмак хоҳем кард».

Дар паи обхезиҳои рӯзҳои ахир, 236 манзили зисти сокинони ноҳияи Восеъ ва даҳҳо ҳектор замини богу киштзор низ зиён дидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG