Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дипломати қирғиз: Боқиев ҳанӯз 7 апрел фирор карданӣ буд


Як дипломати аршади Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфт, президенти собиқи ин кишвар, Қурмонбек Боқиев, ки шоми панҷшанбе аризаи истеъфои худро имзо кард, бори аввал кӯшиш карда буд, рӯзи 7-уми апрел кишварро тарк кунад. Ин дипломат, ки хост, номаш бурда нашавад, мегӯяд, шаби 7-уми апрел, вақте Қирғизистонро нооромиҳо фаро гирифт ва мухолифони Боқиев эълон карданд, ки қудратро ба даст гирифтаанд, талош кард, ҳавопаймояш дар Алмато фуруд ояд, вале ба ҳавопаймо иҷозаи фуруд дода нашуд. Сипас вай ҳавопайморо ба тарафи фурудгоҳи ҳарбии Қазоқистон дар Бурундай гардонд ва дар ин ҷо иҷозаи нишастан гирифт. Аммо, меафзояд дипломат, мақомот ба ӯ иҷоза надоданд, аз ҳавопаймо берун ояд ва дар натиҷа ва й маҷбур шуд, ба шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон парвоз кунад. Тасдиқ ё радди ин хабар аз тарафи Боқиев ё мақомоти Қирғизистон дастрас нашудааст.
XS
SM
MD
LG