Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати муваққати Қирғизистон худро қонунӣ эълон кард


Ҳукумати муваққати Қирғизистон худро қонунӣ эълон кард ва изҳори умедворӣ намуд, ки ба думболи истеъфо ва хуруҷи президенти барканоршуда Қурмонбек Боқиев аз қаламрави Қирғизистон муноқиша дар ин кишвар ба поён хоҳад расид. Боқиев рӯзи панҷшанбе ба Қазоқистони ҳамсоя парвоз кард ва мақомоти ҳукумати муваққати Қирғизистон мегӯянд, вай дар номае истеъфои худро пазируфтааст. Намояндагони Қазоқистон, раҳбари даврии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мегӯянд, ин кишвар якҷо бо Иёлоти Муттаҳида ва Русия Боқиевро ба хуруҷ аз Қирғизистон розӣ кардаанд. Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, масъалаи хуруҷи Боқиев дар мулоқоти сеҷонибаи президентҳои Иёлоти Муттаҳида, Русия ва Қазоқистон дар ҳошияи нишасти амнияти ҳастаӣ аввали ин ҳафта дар Вашингтон машварат шудааст.
XS
SM
MD
LG