Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Н. Абдуллоев: «Додгоҳи олӣ ба касе фишор наовардааст»


Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон даъвои масъулини нашрияҳо дар бораи фишор болои додрасҳо барои ба додгоҳ кашондани се нашрияи мустақил - «Фараж», «Озодагон» ва «Азия плюс»-ро бепоя хонд.

Ахиран бархе аз сардабирони нашрияҳои мустақили “Фараж”, “Озодагон” ва “Азия плюс”, ки додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт даъвои се додрас аз болои ин ҳафтаномаҳоро баррасӣ мекунад, гуфтаанд эҳтимол дорад, ки додрасҳо зери фишори раҳбарияти худ ба чунин тасмим даст задаанд.

Вале Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 16 апрел зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон гуфт, «раҳбарияти Додгоҳи олӣ ба ягон кас фишор наовардааст ва фишор ҳам намеорад, зеро фишороварӣ яке аз аломатҳои ҷиноят аст».

Вай афзуд, вақте, ки баҳс ба миён меояд, додгоҳ ягона мақомотест, ки дар чаҳорчуби қонунҳо баҳои ҳуқуқиро медиҳад.

Аз сӯи дигар раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон нисбати изҳороти ахири Анвар Юсуфов, муовини раиси Додгоҳи олӣ, дар нашрияи «Крим Инфо», ки ҳафтаномаҳои «Фараж», «Озодагон» ва «Азия плюс»-ро «тӯҳматгар» хондааст, гуфт, «ҳар кас тибқи фаҳмиши худаш шарҳ медиҳад ва ман аз наздик ба ин матлаб ошноӣ надорам ва ҳуқуқи гуфтан надорам».

Раиси Додгоҳи олӣ аз изҳори назар дар мавриди қазияи додгоҳии нашрияҳо худдорӣ кард ва гуфт, «вобаста ба қазияҳое, ки дар марҳалаи баррасӣ қарор доранд, ман ҳақу ҳуқуқи маънавии чизе гуфтан надорам».

Cе рӯзномаи мустақил ахиран аз сӯи ду қозии Додгоҳи олӣ ва як додраси додгоҳи шаҳри Душанбе бо иттиҳоми тӯҳмат ва паст задани обрӯву эътибори инсон ба додгоҳ кашида шуданд.

Шикояти додрасҳо ба як матлаби интиқодие рабт дорад, ки дар саҳфаҳои ин нашрияҳо чоп шудааст. Дар ин матлаб вакили мудофеъ Ҷӯрахон Солиев баррасии парвандаҳо аз сӯи бархеи додрасҳо ғайримунсифона унвон кардааст. Додрасҳо чопи ин маводро “тӯҳматомез” номида, аз ин се нашрия товон хостаанд.
XS
SM
MD
LG