Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба хуруҷи Боқиев аз Қирғизистон


Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон гуфтааст, хуруҷи Боқиев метавонад ба эътидоли вазъият дар Қирғизистон кӯмак кунад. Ӯ изҳор кардааст, ки Боқиев тавассути ҳавопаймои Қазоқистон аз Қирғизистон берун оварда шудааст.

Раисиҷумҳури Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев, дар нишасти хабарӣ дар Остона гуфт, хуруҷи Боқиев метавонад ба эътидол дар Қирғизистон кӯмак кунад: "Шукри гуфтушунидҳое, ки ман шабу рӯз ба хотири қатъи даргирӣ байни мухолифон ва Боқиев ва пешгирӣ аз марги инсонҳо, ором кардани мардуми қирғиз, ба роҳ мондам ва мо Боқиевро дар ҳавопаймои Қазоқистон аз Қирғизистон берун бурдем. Ман фикр мекунам, ин амал вазъро ором мекунад ва ба халқи қирғиз имкон медиҳад, ки дар фазои сулҳомез кору зиндагӣ кунад."

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Бан Кӣ Мун низ аз хуруҷи Боқиев ҳамчун як қадами муҳим ба сӯи пешрафтҳои сулҳомез, устувор, шукуфон ва демократии Қирғизистон ситоиш кард.

Ҳукумати муваққати Қирғизистон ваъда додааст, ки дар шаш моҳи оянда тарҳи Қонуни асосии навро омода ва интихоботро баргузор мекунад.

Раҳбари ин ҳукумат Роза Отунбоева ҳамчунин ваъда кардааст, ки дар робита ба тирандозиҳои марговари 7-уми апрел Боқиевро ба додгоҳ хоҳад кашид.

Ҳукумати муваққати Қирғизистон худро қонунӣ эълон кард

Ҳукумати муваққати Қирғизистон худро қонунӣ эълон кард ва мақомоти ин ҳукумат изҳори умедворӣ намуданд, ки бо истеъфо ва хуруҷи Қурмонбек Боқиев аз қаламрави Қирғизистон, муноқиша дар ин кишвар ба поён хоҳад расид.

Боқиев рӯзи панҷшанбе ба Қазоқистони ҳамсоя парвоз кард ва мақомоти ҳукумати муваққати Қирғизистон мегӯянд, ӯ зимни номае истеъфои худро эълон кардааст.

Дертар хабаргузориҳо аз расидани нусхаи аслии истеъфономаи Боқиев ба дасти мақомоти ҳукумати муваққати Қирғизистон иттилоъ доданд. Ин санад тавассути САҲА ба дасти ҳукумати муваққат дар Бишкек расидааст.

Намояндагони Қазоқистон, раҳбари даврии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мегӯянд, ин кишвар якҷо бо Иёлоти Муттаҳида ва Русия Боқиевро ба хуруҷ аз Қирғизистон розӣ кардаанд.

Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, масъалаи хуруҷи Боқиев дар мулоқоти сеҷонибаи президентҳои Иёлоти Муттаҳида, Русия ва Қазоқистон дар ҳошияи нишасти амнияти ҳастаӣ аввали ин ҳафта дар Вашингтон машварат шудааст.

Роман Василенко, раиси кумитаи иттилооти байналмилалии вазорати умури хориҷаи Қазоқистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон ба шаҳри Тароз, маркази вилояти Ҷамбули Қазоқистон ворид шудааст.

Оқои Василенко аз қавли вазири хориҷаи Қазоқистон Қанот Савдобоев рафтани Боқиев аз Қирғизистонро як қадами муҳим дар амри ҷилавгирӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар номид, вале аз ироаи маълумот дар бораи сарнавишти баъдии Боқиев ва ин ки оё ӯ дар Қазоқистон хоҳад монд ва ё ба ягон кишвари дигар хоҳад рафт, дар ҳоли ҳозир худдорӣ варзид.

Қанот Савдобоев, ки кишвараш раёсати давраии САҲА-ро бар дӯш дорад, қаблан дар як баёния гуфт, “дар натиҷаи талошҳои муштараки руасои ҷумҳуриҳои Амрикову Русия Барак Обама ва Дмитрий Медведев ва миёнҷигии САҲА бо ҳукумати муваққати Қирғизистон ва раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев чунин тавофуқ ба даст омад, ки ӯ аз кишвар берун биравад. “

Қурмонбек Боқиев дар пайи ошӯбҳои хунини 7 апрел, ки мунҷар ба ҳалокати беш аз 80 нафар шуд, барканор шуд ва ба зодгоҳаш – Ҷалолобод дар ҷануби Қирғизистон фирор кард.

Ӯ ахиран гуфт, омода ҳаст, дар ивази тазмини амнияти ӯву аҳли хонаводааш истеъфо диҳад. Вале Боқиев имрӯз гуфт, пешниҳоди паноҳгоҳи сиёсӣ дар Беларусро радд кардааст.

Боқиев Қирғизистонро тарк кард

Раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев шоми дирӯз ба Қазоқистони ҳамсоя парвоз кард ва ба ин тартиб, Қирғизистонро тарк гуфт.

Фирори Боқиев аз кишвар ба дунболи рӯйдодҳои имрӯза дар шаҳри ҷанубии Ӯш аст, ки муҳофизони ӯ ба хотири таъмини роҳи фирори ӯ аз миёни издиҳоми мухолифинаш ба ҳаво тир андохтанд.

Тирандозӣ ба дунболи ба маҳалли раҳпаймоии тарафдорони Боқиев рехтани издиҳоми мухолифини ӯ, ки тазоҳуроти алоҳида барпо карда буданд, рух дод. Дар пайи тирандозӣ Боқиев ба мошинаш нишаста, Ӯшро тарк кард.
Курманбек Бакиев покинул Киргизию
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:25 0:00

Боқиев ахиран гуфт, омода аст, дар ивази тазмини амнияти ӯву аҳли хонаводааш истеъфо диҳад. Аммо ҳукумати муваққат гуфтааст, ки Боқиев бояд ба масъулият кашонида шавад.

Кремл мегӯяд, ки сарвазири Русия Владимир Путин тавассути телефон бо Боқиев сӯҳбат доштааст. Аммо ба ҷузъиёти ин гуфтугӯи шаби чоршанбе ироа нашудааст.

Дар ҳамин ҳол дар деҳаи Тийит – зодгоҳи президенти барканоршуда як гурӯҳи мусаллаҳ ҳавлии падари ӯро ҳифз мекунанд. Вақти боздиди хабарнигори Озодӣ аз ин маҳал муҳофизони мусаллаҳ гуфтаанд, ки аъзои хонаводаи Боқиев ҳоло ба дасти ҳеҷ кас нахоҳанд супурд ва омодаанд, бо ҳар гуна нерӯҳо, ки ба хотири боздошти пайвандони Боқиев меоянд, вориди муқовимат шаванд.

Отунбоева: муқобили Боқиев нерӯ истифода намешавад

Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон гуфтааст, ки ҳукуматаш қасд надорад барои боздошти Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури фирории ин кишвар аз нерӯи низомӣ истифода кунад.

Хонум Отунбоева, ки рӯзи панҷшанбе бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, ҳамчунин афзудааст, ки ӯ бо Қурмонбек Боқиев ба сурати мустақим дар мавриди истеъфояш аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ музокира накардааст.

Боздошти вазири дифои ҳукумати Боқиев

Бақитбек Қалиев, вазири дифои ҳукумати Қурмонбек Боқиев, шоми дирӯз дар фурӯдгоҳи шаҳри Ҷалолобод аз сӯи гурӯҳи махсуси амниятӣ боздошт шудааст. Вай то охирин лаҳзаҳо Қурмонбек Боқиевро ҳамроҳӣ мекард ва дар замоне боздошт гардид, ки Боқиев вориди ҳавопаймо шуда, Қирғизистонро тарк мекард.

Субҳи имрӯз дар майдони марказии шаҳри Ҷалолобод ҳудуди 100 нафар тарафдорони Бақитбек Қалиев, вазири дифои боздоштшуда, ҷамъ омаданд ва аз мақомот талаби раҳоии ӯро карданд. Гирдиҳамомадагон мегӯянд, Бақитбек Калиев гуноҳ надорад ва набояд масъули ҳаводиси хунин дар Бишкек дониста шавад.

Вазъи Ҷалолобод ва Ӯш

Баъди аз Ҷалолобод рафтани Боқиев вазъият дар ин шаҳр рӯ ба оромӣ овардааст. Раиси ҳукумати вилояти Ҷалолобод иваз шудааст. Ба ин маснад Бектур Асанов, сафири Қирғизистон дар Покистон, аз сӯи қурултой ва ё анҷумани мардумӣ таъин гардидааст.

Дар Ӯш – бузургтарин шаҳр дар ҷануби Қирғизистон низ вазъият ором ба назар мерасад. Дар масири Ҷалолобод-Ӯш чанд посгоҳи ҷадид гузошта шудааст, ки мусофиронро мавриди тафтиш қарор медиҳанд.

Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, ҳукумати муваққатӣ ба он ноил шудааст, ки аз ихтилофи шимолу ҷануби кишвар ҷилавгирӣ кунад. Онҳо меафзоянд, агар Боқиев дирӯз дар шаҳри Ӯш тарафдорони зиёд пайдо мекард, эҳтимоли дар ду сангар қарор гирифтани мардуми Қирғизистон вуҷуд дошт.
XS
SM
MD
LG