Пайвандҳои дастрасӣ

Эъломи натиҷаҳои таҳқиқи марги Беназир Бҳутто


Кумиссиёни пажӯҳишии Созмони Милали Муттаҳид ба ин натиҷа расидааст, ки дар ҳалокати Беназир Бҳутто, нахуствазири собиқи Покистон, мақомоти расмии кишвар ҳам гунаҳкоранд. Кумиссиёни мазкур имрӯз гуфт, мақомоти Покистон амнияти Беназир Бҳутторо, ки моҳи декабри соли 2007 бар асари сӯиқасде кушта шуд, дуруст таъмин накардаанд. Ба гуфтаи кумиссиён, гузашта аз ин парвандаи сӯиқасд ба ҷони Беназир Бҳутто ба таври комил таҳқиқ нашудааст ва мақомоти Покистон ин корро “дониста” кардаанд. Дар гузориши кумиссиён ҳамчунин омадааст, ки мақомоти расмӣ ва хадамоти иттилоъотии Покистон дар кори кумиссиёни Созмони Милал барои таҳқиқи марги Беназир Бҳутто, монеаҳои сахте эҷод кардаанд. Беназир Бҳутто, баъди чанд ҳафтаи бозгашташ аз хориҷ ба Покистон рӯзи 27 декабри соли 2007 баъди як раҳпаймоӣ дар шаҳри Равалпиндӣ бар асари тирандозӣ ва ҳамлаи маргталабона кушта шуд.
XS
SM
MD
LG