Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурмонбек Боқиев аз мақомаш истеъфо дод


Давлати муваққати Қирғизистон мегӯяд, раиси ҷумҳур Қурмонбек Боқиев аз мақомаш истеъфо дод. Одил Байсалов, раҳбари дафтари раёсати ҷумҳури ҳукумати худхонаи муваққат дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: "Бар асоси яке аз шартҳои калидии ҷомеаи байналмилалӣ, Боқиев истеъфономаи худро навишта, имзо карда ва аз мақомаш истеъфо дод." Қурмонбек Боқиев дирӯз Қирғизистонро тарк карда ва ба шаҳри Тароз, воқеъ дар ҷануби Қазоқистон рафтааст. Қанот Савдобоев, вазири умури хориҷаи Қазоқистон ва раҳбари давраии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, бо нашри баёнияе гуфт, баъди як созиш бо давлати муваққат дар Қирғизистон, Қурмонбек Боқиев ватанашро тарк намуд. Роза Отунбоева раҳбари давлати муваққат мегӯяд, барои муҳокимаи Боқиев, дар хориҷ ва ё дар дохили кишвар пофишорӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG