Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Озмуни муҳими шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон


Шаҳрдории Душанбе барои иҷрои бахше аз барномаи тавсиъа ва навсозии пойтахти Тоҷикистон озмун эълом кардааст. Бар тибқи иттилоъи дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, аз ширкатҳои хоҳишманд хоста шудааст, барои дарёфти иҷозаи таҳияи лоиҳаи зербунёдҳо ва манзилҳои истиқоматии баландошёна дар Душанбе дар озмун ширкат кунанд. Аз ҷумла дар ин озмун, ғолибон ҳаққи иҷоза барои таҳияи тарҳи мағозаи азими нӯҳтабақа, маркази бузурги фароғат ва хидматрасонӣ ва биноҳои баландошёнаи маскунӣ дар Душанберо пайдо мекунанд. Озмуни мазкур аз рӯзи 14 апрел шурӯъ шуда ва то 29 апрел идома мекунад ва ҳадаф аз он иҷрои нақшаи умумӣ ва ё генералии шаҳри Душанбе аст, ки шаҳрдорӣ таҳия кардааст.
XS
SM
MD
LG