Пайвандҳои дастрасӣ

Оташфишони Исландия ҳоли Аврупоро бад кард


Абри ғафси гарду хокистар аз як вулқони Исландия парвози ҳавопаймоҳо дар ғарби Аврупоро муттавақиф кард. Бо шиддат гирифтани оташфишонӣ, абри гарду хокистар ба самти Бритониё, Шветсия, Норвегия, Дания ва Финландия ҳаракат карда ва монеъи парвози ҳавопаймоҳо шуд. Бритониё парвози тамоми ҳавопаймоҳои мусофирбарро аввал лағв ва сипас то шоми рӯзи ҷумъа тамдид кард. Ҳамингуна дар Ирландия ва Шотландия ҳам парвози ҳавопаймоҳо аз тамоми фурудгоҳҳои ҳарду кишварро мутаввақиф намуданд. Дания ҳаракат аз қаламрави ҳавоиаш бар фарози Баҳри Шимолиро мамнӯъ кард ва Ҳолланд низ водор ба чунин кор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG