Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Инвентаризатсияи манобеъи маводи атомии Тоҷикистон


Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, барои таъмини амният ва ҳифзи муносиби маводи хатарноки ҳастаӣ, як барномаеро бо кӯмаки Амрико анҷом додаанд. Оҷонси амнияти ҳастаии Тоҷикистон дирӯз эълом кард, ки инвентаризатсия ё мушаххассозии куллия маводи радиоактивӣ дар қаламрави кишварро хотима додааст. Абдуҷаббор Саломов муовини раиси оҷонси мазкур доир ба ҳадафҳои ин корашон гуфт: «Агар яке аз ин манбаъҳо ба дасти афроди нохалаф ё террорист афтад, онҳо метавонанд бо истифода аз ин маводи радиоактив бомбаҳои исфлосро тавлид кунанд, ки албатта то андозае метавон онро ба силоҳҳои ҳастаӣ ворид кард». Ин иқдом дар ҳамкорӣ бо Камисиюни танзими ҳастаии Амрико ва ба манзури ҳифзи маводи осебпазири ҳастаӣ сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG