Пайвандҳои дастрасӣ

Олмон марги 4 сарбозаш дар Бағлонро таъйид кард


Вазорати дифоъи Олмон таъйид кард, ки чаҳор сарбозаш бар асари тирандозӣ дар шаҳри шимолии Бағлони Афғонистон кушта шудаанд. Аз замони эъзоми нерӯҳояш ба Афғонистон дар соли 2002, Олмон то кунун 43 сарбозашро талаф додааст. Танҳо дар ҳафтаи гузашта, ҳафт нафар сарбози олмонӣ дар Афғонистон ҷон доданд. Дар ин зимн, бар асари инфиҷори ду мошини бомбгузоришуда дар шаҳри Қандаҳор, дасти кам 2 нафар ҳалок ва бештар аз даҳ тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ҳадафи бомбгузории аввал меҳмонхонаи хабарнигорони афғон ва ҳадафи ҳамлаи дуввумӣ, ки бомбгузори марталаб анҷом додааст, як ширкати хориҷии амниятӣ будааст.
XS
SM
MD
LG