Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боқиев ба шаҳри Тарози Қазоқистон расид


Роман Василенко, раиси кумитаи иттилооти байналмилалии вазорати умури хориҷаи Қазоқистон ба Радиои Озодӣ гуфт, раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев алакай ба шаҳри Тароз, маркази вилояти Ҷамбули Қазоқистон расидааст. Оқои Василенко аз қавли вазири хориҷаи Қазоқистон Қанот Савдобоев рафтани Боқиев аз Қирғизистонро як қадами муҳим дар амри ҷилавгирӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар номид, вале аз ироаи маълумот дар бораи сарнавишти баъдии Боқиев ва ин ки оё ӯ дар Қазоқистон хоҳад монд ваё ба ягон кишвари дигар хоҳад рафт, дар ҳоли ҳозир худдорӣ варзид.
Қанот Савдобоев, ки кишвараш раёсати давраии САҲА-ро бар дӯш дорад, қаблан дар як баёния гуфт, “дар натиҷаи талошҳои муштараки руасои ҷумҳуриҳои Амрикову Русия Барак Обама ва Дмитрий Медведев ва миёнҷигии САҲА бо ҳукумати муваққати Қирғизистон ва раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев чунин тавофуқ ба даст омад, ки ӯ аз кишвар берун биравад. “
Қурмонбек Боқиев дар пайи ошӯбҳои хунини 7 апрел, ки мунҷар ба ҳалокати беш аз 80 нафар шуд, барканор шуд ва ба зодгоҳаш – Ҷалолобод дар ҷануби Қирғизистон фирор кард.
Ӯ ахиран гуфт, омода ҳаст, дар ивази тазмини амнияти ӯву аҳли хонаводааш истеъфо диҳад. Вале Боқиев имрӯз гуфт, пешниҳоди паноҳгоҳи сиёсӣ дар Беларусро радд кардааст.
XS
SM
MD
LG