Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон шумори фитнес-клубҳои занона зиёд мешавад ва кормандони ин марказҳои варзишӣ мегӯянд, теъдоди занону духтароне ҳам, ки ба ин клубҳо таваҷҷӯҳ доранд, меафзояд.

Сайрами 24-сола се моҳ аст, ки дар фитнес-клуби занонаи маркази шаҳр машқ мекунад. Ӯро ба ин клуб дарди сутунмуҳра ва сактаи равонӣ овардааст.

Сайрам мегӯяд, дар фитнес-клуб онҳо бо истифода аз усулҳои гуногун, таҷҳизоти зарурӣ ва рақсу йога ба машқи бадан машғул мешаванд, ки он ба саломатии занону духтарон муфид аст. Худи Сайрам, ки мегӯяд таи се соли ахир аз кору фаъолият дур монда бемор буд, ҳоло вазъаш беҳтар шудааст.

Вай афзуд, “вақте ҳомиладор будам, дарди сутунмуҳра бисёр азиятам медод. Ҳатто пояҳоям қариб аз кор монд ва духтурон тавсеа доданд, ки дар хона зиёд машқ кунам. Вале дар хона бе ин ҳам барои мо занҳо кор зиёд аст ва вақти машқкунӣ намеёбем. Аз сӯйи дигар дар танҳоӣ мо шояд тарзи дурусти машқ карданро намедонем ва барои ҳамин бо тавсияи дӯстонам ба фитнес-клуб омадам. Баъд аз чанд рӯз ман метавонам ба кор бароям ва худро хеле беҳтару бардам эҳсос мекунам.”

Людмила, устоди рақс ва мураббии яке аз фитнес-клубҳои пойтахт, мегӯяд, ба хусус дар мавсими баҳору тобистон шумори ҷавондухатрону занон дар фитнес-клуб бештар мешавад. Ба гуфтаи ӯ, занону духтарони тоҷик аксаран дар пайи бемориҳои мухталиф, ба хусус дарди сутунмуҳра, ба фитнес рӯ меоранд.

Вай гуфт, “фитнес тарзи солими зиндагист ва аслан дар ин ҷо зиёд мушоҳида мешавад, ки занону духтарон кам машқ ва варзиш мекунанд. Бархе занон ҳатто баъд аз ҷарроҳиҳои вазнин ба ин ҷо меоянд ва баъди машқҳо худро хеле беҳтар эҳсос мекунанд”.

Аммо Элинаи 20-сола, ки тӯли чанд моҳ боз муштарии фитнес-клуб аст, мегӯяд, ӯ аз хурдӣ мустақилона ба варзиш машғул мешуд. Вай меафзояд, машқ ба хусус барои ҷавондухтарон бисёр муҳим аст, чун варзиш андоми онҳоро хуб нигоҳ медорад.

Занон дар фитнес-клубҳо вобаста ба вақти худ ҳафтае 3 маротиба машқ мекунанд ва хизматрасонии аксари чунин марказҳо моҳона 80 сомониро ташкил медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG