Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боқиев барои "машварат" ба Қазоқистон рафтааст


Раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев имрӯз ба Қазоқистони ҳамсоя парвоз кард. Бино ба хабарҳо, ӯ ба хотири гуфтугӯи машваратӣ бо раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба он кишвар рафтааст.
Қанот Савдобоев, вазири хориҷа ва дабири давлатии Қазоқистон, ки кишвараш раёсати давраии САҲА-ро бар дӯш дорад, дар як баёния гуфт, “имрӯз дар натиҷаи талошҳои муштараки руасои ҷумҳуриҳои Амрикову Русия Барак Обама ва Дмитрий Медведев ва ҳамчунин фаъолиятҳои миёнҷигии САҲА дар ҳамроҳӣ бо СММ ва ИА бо ҳукумати муваққати Қирғизистон ва раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев чунин тавофуқ ба даст омад, ки ӯ аз кишвар берун биравад. “ Маскав низ қаблан бидуни овардани ҷузъиёт хабар дод, ки сарвазири Русия Владимир Путин шаби чоршанбе бо Боқиев сӯҳбати телефонӣ дошт.
Қурмонбек Боқиев дар пайи ошӯбҳои хунини 7 апрел, ки мунҷар ба ҳалокати беш аз 80 нафар шуд, барканор шуд ва ба зодгоҳаш – Ҷалолобод дар ҷануби Қирғизистон фирор кард.
Ӯ ахиран гуфт, омода ҳаст, дар ивази тазмини амнияти ӯву аҳли хонаводааш истеъфо диҳад. Вале Боқиев имрӯз гуфт, пешниҳоди паноҳгоҳи сиёсӣ дар Беларусро радд кардааст.
XS
SM
MD
LG