Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА аз Қирғизистон рафтани Боқиевро таъйид кард


Раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев имрӯз ба Қазоқистони ҳамсоя парвоз кард. САҲА Қирғизистон тарк кардани Боқиевро тасдиқ кард ва гуфт, рафтани Боқиев дар натиҷаи “талошҳои муштарак”-и руасои ҷумҳуриҳои Амрикову Русия ва Қазоқистон Барак Обама, Дмитрий Медведев ва Нурсултон Назарбоев муяссар шудааст.
Маскав хабар дода буд, ки сарвазири Русия Владимир Путин шаби чоршанбе бо Боқиев сӯҳбати телефонӣ доштааст. Аммо ҷузъиёти ин гуфтугӯ ироа нашудааст.
Имрӯз муҳофизони Боқиев дар шаҳри ҷанубии Ӯш ба хотири таъмини роҳи фирори ӯ аз миёни издиҳоми мухолифинаш ба ҳаво тир андохтанд. Дар ин тирандозӣ касе осеб надидааст.
Қурмонбек Боқиев дар пайи ошӯбҳои хунини 7 апрел, ки мунҷар ба ҳалокати беш аз 80 нафар шуд, барканор шуд ва ба зодгоҳаш – Ҷалолобод дар ҷануби Қирғизистон фирор кард.
Ӯ ахиран гуфт, омода ҳаст, дар ивази тазмини амнияти ӯву аҳли хонаводааш истеъфо диҳад.
XS
SM
MD
LG