Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салоҳиятҳои раисиҷумҳури Покистон камтар мешавад


Сенати Покистон имрӯз тарҳи ислоҳоти Қонуни асосиро, ки раисиҷумҳурро аз ҳаққи мунҳал кардани парлумон маҳрум мекунад, тасвиб кард. Ин ислоҳот як силсила салоҳиятҳо, аз ҷумла ҳаққи ба истеъфо фиристодани ҳукумат ва таъйини фармондеҳони низомӣ ва қозиёнро аз раисиҷумҳур ба сарвазир таҳвил мекунад. Ин салоҳиятҳо дар аҳди раҳбарии генерал Парвиз Мушарраф дар дасти президент мунсаҷим шуда буд. Ислоҳоти Қонуни асосӣ як қадами муҳим дар роҳи иҷрои талаботи мухолифин буда, раисиҷумҳур Осифалӣ Зардорӣ гуфтааст, ин қонунро имзо хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG