Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи як вилояти Покистон Хайбар Пахтунхва шуд


Маҷлиси болоии парлумони Покистон исми устони қабиланишини шимолу ғарбиро ба Хайбар Пахтунхва иваз кард. Маҷлиси поёнии миллӣ низ бо вуҷуди эътирозҳо дар минтақа ҳанӯз дар ҳафтаи гузашта аз ин пешниҳод ҳимоят карда буд.
Дар ҷараёни эътирозҳо ба табдили номи вилоят, ки рӯзи душанбе дар минтақаи Ҳазора буруз кард, дастикам 11 нафар кушта ва беш аз 100 тани дигар захмӣ шуданд. Ҳазораҳо, аз ақалиятҳои қавмии сокини устон, мухолифи табдили номи вилоят мебошанд. Аммо паштуҳо, ки аксариятанд, аз ин иқдоми ҳукумат пуштибонӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG