Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон: як соли дигар то бомбаи ҳастаӣ?


Мақомоти Амрико мегӯянд, барномаҳои то кунун анҷомшудаи ҳастаии Эрон, дар муддати тақрибан як соли дигар ба ин кишвар тавони тавлиди як силоҳи ҳастаиро хоҳнад дод. Албатта, агар Эрон дар асири сохтани чунин таслиҳот роҳ бипаймояд.

Як дипломати аршади амрикоӣ ҳамчунин ба Конгресси ИМА гуфт, СММ бо касби ҳимояти Чину Русия ғолибан то чанд ҳафтаи дигар даври наву сангинтарин таҳримот алайҳи Эронро тасвиб хоҳад кард.

Тавонмандиҳои ҳастаии Эрон ва иқдомоти эҳтимолии Вошингтон ҷиҳатит ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои Теҳрон ахиран дар ҷаласаи кумитаи нирӯҳои мусаллаҳи Сенати Амрико баррасӣ шуд.

Як мақоми баландпояи иктишофии Амрико дар ҷаласаи кумитаи нирӯҳои мусаллаҳи Сенати Конгресс гуфт, Эрон метавонад то як соли дигар силоҳи ҳастаӣ сохта, дар муддати се соли дигар тавони дар кӯлоҳаки мушакбар ҷой додани ин силоҳро низ ба даст биорад.

Мудири Оҷонси иттилооти дифоъӣ генерал Роналд Бургесс рӯзи 14 апрел дар ҷаласаи ин кумитаи Сенат дар посух ба ин суол, ки Эрон кай метавонад ба чунин сатҳи ғанисозии ураниум, ки барои сохтани силоҳи ҳастаӣ кифоят кунад, даст биёбад, гуфт: “Назари умумӣ, бидуни донистани шумори дақиқи сентрофугаҳо, бар пояи ончӣ ки мо мебинем, ин аст, ки ин як соли дигарро дар бар хоҳад гирифт.”

Урани боз ҳам ғанитари Эрон

Ин изҳорот дуруст дар рӯзе садо дод, ки Эрон бар хилофи тақозоҳои СММ, аз даст ёфтанаш ба нахустин бахш аз ураниуми бозҳам ғанитаршуда хабар дод.

Хабаргузории расмии ИСНО аз қавли Алиакбар Солеҳӣ, раҳбари созмони ҳастаии Эрон навишт, Эрон акнун сатҳи ғанисозии ураниумро аз 3,5 фоиз то ба 20 дарсад расондааст. Яъне ба сатҳе, ки барои тавлиди маводи сӯхти реактори ҳастаии тиббӣ кифоят мекунад.

Аммо 20 дарсад аз беш аз 90 дарсад ғанисозие, ки барои сохтани силоҳи ҳастаӣ кифоят кунад, албатта, хеле камтар аст, вале ин хабар бар он нигарониҳои Амрико афзуд, ки мегӯяд, Эрон дар пайи ба сатҳи барои тавлиди таслиҳот кифояткунандаи ғанисозии ураниум мебошад.

Баҳси мавзӯъ дар ҷаласаи рӯзи чоршанбе беш аз ду соат тӯл кашид ва вакилон аз мақомоти аршади амрикоӣ инро мепурсиданд, ки Эрон то кадом ҳадд ба сохтани силоҳи ҳастаӣ наздик шудааст ва Амрико, бо кӯмаки СММ ва ё бидуни чунин кӯмак, ҷиҳати ҷилавгирӣ аз чунин сурати таҳаввули вазъ чӣ иқдом хоҳад кард?

Роналд Бургесс гуфт, арзёбии иктишофие, ки соли 2007 анҷом шуд, қасди таъқиби барномаи тавлиди силоҳҳои ҳастаиро дар сар парваридани Теҳронро зикр намекунад, вале давлати Амрико феълан як арзёбии ҷадиди барномаҳои ҳастаии Эронро омода карда, ки ҳанӯз нашр нашудааст.

"Иттилооти хеле ҳассоси Кохи Сафед"


Мақомоти Кохи Сафед он иттилооти хеле ҳассосро, ки дар даст доранд, барои як ҷаласаи дигари пушти барҳои баста бо вакилони Конгресс нигоҳ медоранд. Онҳо ҳамчунин аз баррасии ҳар навъ иқдоми дигар, ба ҷуз аз ҳимоят аз таҳримоти ҷадиди СММ алайҳи Эрон худдорӣ меварзанд. Тарҳи чунин таҳримот феълан дар дасти баррасии Шӯрои Амният қарор дорад.

Маъмурияти кунунии Амрико эъмоли даври чорум ва сангинтарин таҳримот алайҳи Ҷумҳурии исломиро дар меҳвари талошҳои дипломатӣ ба манзури ҳалли баҳси барномаҳои ҳастаии Эрон қарор додааст. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ахиран дар анҷумани амнияти ҳастаӣ дар Вошингтон гуфт, хостори иқдомоти “ҷасурона” ва “зуд”-и СММ аст.

Аммо азбаскӣ Чину Русия, ду узви доимӣ ва соҳиби ҳаққи вето дар Шӯрои Амният, ҳанӯз барои муҷозоти Теҳрон пурра омода нестанд, аъзои Сенат аз мақомот ин суолро карданд, ки дар сурати нокомии Шӯрои Амният ба эъмоли чунин таҳримот оё Амрико дар танҳоӣ ваё ҳамроҳ бо муттаҳидини довталабаш даст ба ягон иқдоме хоҳад зад?

Муовини вазири хориҷаи Амрико Вилям Бёрнс дар посух ба Конгресс гуфт, Амрико ҷӯёи “қатъномаи ҳаддалимкон шадидтарини таҳримот дар фурсати ҳаддалимкон кӯтоҳтарин аст” ва муттаҳидини аврупоии Вошингтон низ ба ҳаллуфасли масъала тавассути СММ бартарӣ медиҳанд

Ӯ мегӯяд: “Қатъномаи нави Шӯрои Амният дар мавриди таҳримот як ҷузъи муҳими сиёсати мо ҷиҳати ташдиди фишор мебошад ва мо ба хотири расидан ба ин ҳадаф тамоми кори мумкинро мекунем. Тавре раисиҷумҳур ҳам гуфт, дар чанд ҳафтаи оянда, дар ҳамин баҳор.”

Бёрнс изҳори умедворӣ кард, ки Чину Русия низ дар ниҳоят аз чунин қатънома дар Шӯрои Амният пуштибонӣ хоҳанд кард.

Русия аз таҳримҳо алайҳи Эрон ҳимоят мекунд


Аммо сенатори ҷумҳурихоҳ Ҷон МакКейн, рақиби Обама дар интихоботи ахири раёсатҷумҳурии Амрико гуфт, баъид аст, ки Чину Русия аз эъмоли таҳримоти шадид алайҳи Теҳрон босароҳат ва бидуни қайдушарт ҳимоят кунанд.

МакКейн дар баёнияи саркушодааш гуфт, дар ин шакке вуҷуд надорад, ки Амрико ҳанӯз барои манъи Теҳрон иқдом нокарда, Ҷумҳурии исломӣ соҳиби бомби ҳастаӣ хоҳад шуд.

Ӯ мегӯяд: “Масъалаи қудрати соҳиби силоҳҳои ҳастаӣ шудани Эрон бештар на масъалаи имконот, балки имтиҳони иродаҳост - ҳам барои Эрон ва ҳам барои мо. Иштибоҳ накунед! Агар Эрон тавони сохтани силоҳҳои ҳастаиро ба даст биорад, ин нафақат ба ин далел аст, ки мо натавонистем, балки мо нахостем манъаш кунем.”.

Ба эътиқоди Ҷон МакКейн, чунин таҳаввули вазъ ба эътибори Амрико ҳамчун қудрати ҷаҳонӣ латма хоҳад зад.
XS
SM
MD
LG