Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи ҳазорҳо шиша машруб дар Кобул


Пулиси Афғонистон мегӯяд, дар Кобул аз тарабхонаҳое, ки мизоҷонаш умдатан хориҷиёнанд, ҳазорҳо шиша машрубот мусодира кардаст. Фурӯши машрубот дар Давлати исломии Афғонистон мамнӯъ аст, вале бархе тарабхонаҳо ба хотири ҷалби хориҷиён ба таври махуф машруб мефурӯшанд. Генерали пулис Саид Абдулғаффор гуфтааст, тайи ин амалиёт 6312 шиша машруб, аз ҷумла 5 198 шиша обиҷав мусодира ва 9 нафар, аз ҷумла 7 зан боздошт шудаанд. Занони боздоштшуда аз Қазоқистон, Буснӣ, Либияву Афғонистон ва ҳам аз Тоҷикистон будаанд.
XS
SM
MD
LG