Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тавилдара баъд аз як соли даргириҳои хунин


Саҳнаи даргириҳои гузашта дар Тавилдара

Саҳнаи даргириҳои гузашта дар Тавилдара

Мақомот ва сокинони ноҳияи Тавилдара дар шарқи Тоҷикистон, бо гузашти як сол аз даргириҳои миёни нерӯҳои давлат ва як гурӯҳи мусаллаҳ, аз он ҳаводис ёдоварӣ кардаанд. Дар ин даргириҳо Мирзо Зиёев, вазири пешини умури изтирории Тоҷикистон, кушта шуда буд.

Даргириҳои тобистони соли гузашта, миёни нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ва як гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз ҷангиёни собиқи мухолифи давлат дар Тавилдара 11 нафар кушта дошт. Яке аз ин кушташудаҳо Мирзо Зиёев, вазири собиқи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ва фармондеҳи кулли нерӯҳои пешини мухолифи давлат буд.

Ҳимматшоҳ Ғайратов, раиси ноҳияи Тавилдара дар як нишасте ба муносибати солрӯзи ҳаводиси хунин дар ин водӣ гуфт, бо гузашти як сол аз он рӯзҳо акнун суботу оромӣ ҳукм дорад ва оризае аз он ҳаводис боқӣ намонда.

Аммо сокинон мегӯянд, ҳатто мушкилоте, ки ҷанги дохилии асри гузашта ба сари онҳо оварда, ҳанӯз ҳам боқист ва бояд рафъ шавад.

"Ҳоло ҳам хонаҳои валангорамон аз ҷанги дохилиро месозем"

Нурулло Абдуллоев, устоди фанни забони русӣ дар яке аз мактабҳои ноҳия, мегӯяд, соли гузашта вақте ҳодисаҳо сар шуд, мардум нигарони он буд, ки дубора ин минтақа даргири ҷанги тӯлонӣ хоҳад шуд.

Рӯдхонаи Хингоб ва намое аз Тавилдара
Нурулло мегӯяд, “дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ хонаву манзили бисёре аз мардуми Тавилдара валангор шуда буд ва мо то ҳанӯз манзилҳои валангорамонро барқарор мекунем».

Хонум Гуландом, як зани сокини Тавилдара, бо ёдоварӣ аз ҳодисаҳои соли 2009 мегӯяд, ин ҳодисаҳо бештар модаронро ба ташвиш оварда буд. Вай меафзояд, «ҳоло ҳам он тарсу ваҳм боқӣ мондааст, вале аз назари иқтисодӣ вазъи мардум хубтар шудааст».

Тавилдараи як соли пеш


Тавилдара ноҳияе дар шарқи Тоҷикистон, дар домани кӯҳҳои Помир, ҳамагӣ 15 ҳазор нуфус дорад. Ин ноҳия бо нуфуси андак аз кӯчактарин, вале ба масоҳат аз бузургтарин ноҳияҳои Тоҷикистон аст.

Тавилдара, ки саҳнаи аслии ҷанги дохилии дар Тоҷикистон дар солҳои 1992 – 1997 буд, бори дигар дар баҳори соли 2009 шоҳиди муқовимати мусаллаҳона шуд, аммо муқовимате, ки зудтар хатм шуд.

Дар поёни моҳи апрел ва аввали моҳи майи соли 2009 воҳидҳои низомии вазоратҳои дифоъ ва умури дохила ва кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба шарқи кишвар ҳаракат мекарданд ва рафтуомад дар масири Душанбе–Хоруғ барои мусофирон қатъ шуд.

Мақомоти расмӣ дар ибтидо ҳар гуна хабар роҷеъ ба ҳаводиси Тавилдараро такзиб мекарданд ва ҳаракати нерӯҳо ва таҷаммӯъи ҷузвутомҳоро як ҳаракати тибқи барнома унвон менамуданд.

Буд…набуд Мулло Абдулло буд


Расонаҳои хабарӣ аз вуруди ҷангиёни Мулло Абдулло, яке аз фармондеҳони мухолифини собиқ, ки дар Покистон ва Афғонистон ба сар мебурд, хабар медоданд. Ин хабар ҳамчунон то поёни ҳаводис таъйид нашуд. Ва ба думболи шикасти ин гурӯҳи мусаллаҳ дар Тавилдара низ изи пое аз гурӯҳи Мулло Абдулло ба чашм наёмад.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳаргиз ҳузури Мулло Абдуллоро дар шарқи Тоҷикистон таъйид накарданд. Вале ба думболи ҳаводиси Тавилдара дар пайи пои ӯ баромаданд ва ёрони собиқашро таъқиб мекарданд.

Дар аввали моҳи июн дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти Ҷумъабой Саидов як узви гурӯҳи Мулло Абдулло дар ноҳияи Ваҳдат хабар дод.

Мулло Абдулло, ки дар Тоҷикистон ба ҷароими мухталиф муттаҳам мебошад, дар соли 2001-ум Тоҷикистонро ба қасди Афғонистон тарк кард ва баъдан аз пайвастани ӯ ба ҷумбиши Толибон ва аз алоқаи гурӯҳи ӯ бо Ал-Қоида низ борҳо гузориш расидааст.

Хабарҳое аз боздошти ӯ тавассути нерӯҳои амрикоӣ ва фиристодани ӯ ба Гуантанамо низ мунташир шуда буд, ки боз ҳам ҳеҷ гоҳ таъйид нашуданд.

Ҳанӯз ҳам сарнавишти ин фармондеҳи мухолифини собиқ, ки аъзои гурӯҳи ӯ дар куштори се ходими СММ дар шарқи Тоҷикистон низ муттаҳам ва муҷозот шудаанд, номаълум аст.

“Кӯкнор – 2009”

Ба думболи дар миёнаҳои май соли 2009 аз тири аъзои гурӯҳи мусаллаҳи Неъмат Азизов кушта шудани як афсари вазорати дифоъ, эҳсоси ташаннуҷи бештари авзоъ ва афзоиши нигарониҳои мардуми маҳаллӣ, мақомот аз ҳузури аносири ҷиноие, ки ба қочоқи маводи мухаддир машғуланд, эълон карданд.

Дар 20-уми моҳи майи соли 2009 Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон амалиёти “Кӯкнор-2009”-ро, як амалиёти саросарӣ эълон кард ва сухангӯи ин вазорат гуфт: “Бино бар маълумотҳои фаврӣ дар навоҳии водии Рашт киштукори маводи нашъадор ба назар гирифта шудааст”.

Мирзо Зиёев, вазири пешини умури изтирорӣ ва фармондеҳи собиқи кулли ИНОТ
Ва ҳамин тавр, ривояти расмии фиристодани нерӯҳои ҳарбӣ ба Тавилдара, аввал мубориза бо кишти кӯкнор ва баъдан бо гурӯҳҳое эълон шуд, ки мехостанд, роҳи қочоқи маводи мухаддирро тавассути шарқи Тоҷикистон ба ҷануби Қирғизистон зери назар қарор диҳанд.

Бино ба ахбори манобеъи расмӣ, ҳадафи ин гурӯҳ аз зери назар қарор додани роҳи қочоқи маводи мухаддир ба даст овардани фоидаи молӣ ва дар навбати дигар масрафи ин фоида ба манзури таъмини молии нерӯҳои мухолиф ва мусаллаҳи зидди давлат будааст.

Аъзои ин гурӯҳи мусаллаҳ ва раҳбари онҳо, ки Неъмат Азизов, аз фармондеҳони пешини мухолифи давлат унвон шуд, ҳаргиз роҷеъ ба аҳдоф ва барномаи худ бо матбуот ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ сӯҳбате накарда буданд.

Подармиёнии Мирзо Зиёев

Бо вуҷуди он ки мақомот ахбори ҳузури нерӯҳои мусаллаҳро рад мекарданд, аммо борҳо ба воситаҳои мухталиф вориди гуфтугӯ бо ин гурӯҳ шудаанд. Ин гурӯҳ иборат аз чанд нафар ҷангиёни пешини ИНОТ бо сардории фармондеҳи собиқ Неъмат Азизов буд.

Мирзо Зиёев, вазири пешини умури изтирорӣ ва фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи мухолифони собиқ борҳо паёми ҳукумат ба ин гурӯҳро овард ва ҳатто бо миёнҷигарии ӯ як анбори аслиҳа дар минтақаи Қалъаи Ҳусейн ба нерӯҳои умури дохила таслим карда шуд.

Вале мушкил ҳамчунон боқӣ монд. Шоҳидон мегӯянд, ба назар мерасид, ки эътимод миёни худи фармондеҳони пешини як ҷабҳа ба якдигар ба ҳадди зиёде коста шуда буд.

Ҳамла ба Сафедорак ва қатли Мирзо Зиёев

Рӯзи 8 -уми июли соли 2009 аз ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба як посгоҳи нерӯҳои давлатӣ хабар дода шуд. Ин нахустин бархурди рӯбарӯи нерӯҳои давлат бо ин гурӯҳи мусаллаҳ буд. Ба думболи он хабари пайвастани Мирзо Зиёев ба нерӯҳои мусаллаҳи мухолифи давлат пахш шуд.

Талоши ин нерӯҳо барои тасарруфи маркази Тавилдара ноком шуд, аммо дар ҷамоати Чилдара деҳотеро таҳти тасарруф дароварданд ва қисмате аз роҳи мошингарди Душанбе-Бадахшонро зери назар гирифтанд.

Рӯзи 11-уми июл хабари боздошт ва ё ба таъбири дигар таслими Мирзо Зиёев ба дасти нерӯҳои давлатӣ расид.

Вале рӯзи 12 -уми июл хабари куштори мармузи Мирзо Зиёев нашр шуд. Мақомоти расмӣ зимни баёнияе гуфтанд, ки Мирзо Зиёев мехост
барои гуфтушунид ба назди Неъмат Азизов биравад ва ӯву гурӯҳашро барои таслим мутақоид кунад, вале аз тири ҳамсафони собиқи худ кушта шуд.

Ин танҳо фарзияи расмӣ буд. Овози тарафи дигар, Неъмат Азизов он замон шунида намешуд, то назари худро бигӯяд, ки дар воқеъ ҷониби фармондеҳи пешини худ силоҳ кашид ва ӯро кушт ва ё фарзияи дигареро пеш мекунад?

Қатли Неъмат Азизов ва поёни амалиёт


Бо куштани шудани Мирзо Зиёев аксари нерӯҳои амниятӣ ва интизомӣ ба оҳистагӣ аз минтақа хориҷ мешуданд.

Аммо таъқиби Неъмат Азизов ва аъзои гурӯҳаш ҳамчунон идома дошт. Неъмат Азизов, ки дар амалиёти рӯзи 8-уми июл захмӣ шуда буд, то пои ҷон таслим нашуд. Ба гуфтаи шоҳидон, ташхиси ҷасади ӯ нишон додааст, ки чор рӯз то маргаш гурусна будаааст.

Бародарони Неъмат Азизов, ки узви дастаи ӯ буданд, баъди маргаш, бо миёнҷигарии модарашон худро таслими нерӯҳои давлатӣ карданд.

"Ҳосили" “Кӯкнор-2009”

Дар маҷмӯъ дар амалиёти “Кӯкнор-2009” 11 нафар, аз ҷумла 5 шаҳрванди Русия кушта ва даҳҳо нафар низ зимни ин амалиёт боздошт шуданд, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Русия, Афғонистон ва Узбакистон низ буданд.

Ба иттилои расмӣ ва ғайрирасмӣ, дар ин зимн ҳамчунин чанд нафар узви ҲИУ, ки мехостанд аз марзи Афғонистон ва Тоҷикистон убур кунанд ва ба нерӯҳои Тавилдара ҳамроҳ шаванд, низ боздошт шуданд .

Баъдтар Мирзо Зиёев ва ҳамроҳони собиқаш ба навъе дар сӯиқасд ба низоми давлатӣ ҳам муттаҳам шуданд. Аммо то кунун ба сурати мушаххас гуноҳи онҳо дайн нашудааст.

Ҳаводиси соли гузаштаи Тавилдара то кунун таҳлили ҷиддии коршиносӣ нашуда ва баҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ низ нагирифтааст. Ба ин далел суолҳое дар зеҳнҳо ҳамчунон матраҳ аст, ки посух мехоҳанд.

Яке ин ки чаро ба муқобили як гурӯҳе, ки тавони муқобила дар баробари як дастаи ОМОН-ро надошт, лашкари азим кашида шуд? Ин ҳатто барои худи нерӯҳои интизомӣ суол аст.

Баъдан доираҳои расмӣ ин фарзияро пеш гузоштанд, ки гурӯҳи мусаллаҳи Неъмат Азизов бо ҷамъ овардани унсурҳое ҷиноӣ дар атрофи худ мебоист пойгоҳи мухолифат бо ҳукумати марказиро таъсис мекард.

Мақомот аз ибтидо ба робитаи пинҳону ошкори Мирзо Зиеёв бо ин гурӯҳ ва афроди дигаре дар хориҷ бовар доштанд.

Фарзияҳои расмӣ, нимарасмӣ ва ғайри расмӣ

Таҳлилгарони он ҳаводис мегӯянд, агарчанд Мирзо Зиёев то замони қатлаш меҳмондор ва роҳбалади ҳамаи ҳайатҳои ҳукуматӣ ва генералҳое буд, ки барои қазияи баҳору тобистони гузашта ба Тавилдара меомаданд, аммо акнун маълум шуда, ки ӯ намедонист, кайҳо эътимоди мақомаоти сиёсии давлатро аз даст дода будааст.

Ва мақомот интизори фурсати бӯҳроние буданд, ки ҳамроҳии Зиёев бо ин гурӯҳи мусаллаҳ дақиқан собит шавад.

Коршиносон мегӯянд, баёнияи ахири расмӣ дар мавриди аъмоли ин гурӯҳи мусаллаҳ ва қасди онҳо барои роҳандозии иқдомоти зидди давлатӣ низ ин фарзияро тақвият мекунад.

Аммо ин ҳаргиз собит нашуда ва марг низ ин фурсатро аз Мирзо Зиёев гирифт, ки иттиҳомоти алайҳашро рад кунад ва ё бигӯяд, ки қасдаш аз ҳамроҳӣ бо ин гурӯҳ дар воқеъ чӣ буд.

Чизе мусаллам аст, ин аст, ки Мирзо Зиёев аз замони барканорияш аз вазорат Тавилдараро мақари зисти худ қарор дода буд ва дар кунҷи дилаш, ба ҳар сурат, аз амнияти худ дар Душанбе нигаронӣ дошт.

Ба гуфтаи коршиносон, Мирзо Зиёев бо вуҷуди ҳама мубориза ва курсии вазорат низ камтар марди сиёсӣ шуд ва ҳамчунон низомӣ боқӣ монд.

Фарзияи дигар ҳам ноором сохтани шарқи Тоҷикистон ба далели маътал кардани барномаҳои энержии ин кишвар унвон мешуд.

Имсол зиёрати Бурхи Валӣ дубора мумкин шудааст. Акс аз хонандаи сомонаи Озодӣ
Ҳаводиси Тавилдара ҳадди ақал барномаи сохмтони як нерӯгоҳро дар саргаҳи Хингоб, ки қарор буд, тарҳрезии сохтмони он тавассути ширкатҳои чинӣ дар июни соли 2009 шурӯъ шавад, маътал кард.

Аммо акнун раиси Тавилдара мегӯяд, бо муҷарради баргашти субот ба минтақа феълан ду кони тило барои баҳрабардорӣ омода шудааст ва тармими минтақаи зиёратии оромгоҳи Ҳазрати Бурхи Валӣ низ дар ҳоли такмил шудан аст.

Оромгоҳи Бурхи Валӣ аз диданитарин маконҳои зиёратӣ дар Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ солона ҳудуди 30 ҳазор зоири кишварҳои Осиёи Марказӣ, барои зиёрати оромгоҳи Бурхи Валӣ меоянд.

Оғози анҷом


Ноҳияи Тавилдара ба ин тартиб, танҳо саҳнаи аслии даргириҳои ҷанги дохилии гузаштаи Тоҷикистон нест, балки саргаҳи рӯдхонаи ҳавзаи Вахш низ ҳаст. Саргаҳи чашмаҳои оби сарде дар доманаи Помир, ки зояндаи баҳси гарме дар поёноб шудаанд.

Сокинони Тавилдара ба хотири пинҳон кардани пайкараҳои зиндаи ҷанг, танку зиреҳпӯшҳои харобшудаи артиш онҳоро замоне ба дарёи Хингоб андохтаанд.

Аммо Хингоб бо ҳама ҳайбату талотум ҳанӯз натавонистааст ин хотираҳои ҷангро бишӯяд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG