Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти 150 муҳоҷири тоҷику узбак дар Маскав


Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ҳамроҳ бо нирӯҳои ОМОН ва милисаи нақлиёту метрои Маскав рӯзи чоршанбе ҳудуди 150 шаҳрванди Тоҷикистону Узбакистонро бо иттиҳоми нақзи қонунҳои муҳоҷирати Русия боздошт кардаанд.
Намояндаи хадамоти муҳоҷират дар Маскав гуфтааст, тафтиши асноди ин муҳоҷирон дар истгоҳи метрои “Комсомолская” ва истгоҳҳои роҳи оҳани Ярославу Қазон ва Ленингради пойтахти Русия сурат гирифтааст.
Ҳамасола то 1 миллион нафар аз атбоъи Тоҷикистон ба хотири пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба Русия сафар мекунанд. Бонки ҷаҳонӣ пулеро, ки муҳоҷирони тоҷик ҳамасола ба ватан мефиристанд, баробари қариб нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон баровард кардааст.
XS
SM
MD
LG