Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон қариб 800 млн шудааст


Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли 2009 назар ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 1 дарсад коҳиш ёфта, 794 миллион долларро ташкил додааст. Аммо таносуби миёни содироту воридот шадидан манфӣ буда, ба 288 миллион доллар баробар шудааст. Ҳаҷми воридоти Тоҷикистон имсол назар ба содироташ беш аз 2 маротиба зиёдтар аст.
Русия бо 196,5 миллион доллар, Чин – бо 138,5, Туркия бо наздики 100 ва Қазоқистону Эрон мутаносибан бо 62 ва 49,8 миллион доллар шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. 70 дарсади тиҷорати хориҷии Душанбе имсол бо ҳамин 5 кишвар сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG