Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон истеъфои худро эълон кардааст. Ин иттилоъро хабаргузориҳои байналмилалӣ аз қавли мақомоти ҳукумати муваққати Қирғизистон нашр кардаанд.

Роман Василенко, раиси кумитаи иттилооти байналмилалии вазорати умури хориҷаи Қазоқистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон ба шаҳри Тароз, маркази вилояти Ҷамбули Қазоқистон ворид шудааст.

Оқои Василенко аз қавли вазири хориҷаи Қазоқистон Қанот Савдобоев рафтани Боқиев аз Қирғизистонро як қадами муҳим дар амри ҷилавгирӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар номид, вале аз ироаи маълумот дар бораи сарнавишти баъдии Боқиев ва ин ки оё ӯ дар Қазоқистон хоҳад монд ваё ба ягон кишвари дигар хоҳад рафт, дар ҳоли ҳозир худдорӣ варзид.

Қанот Савдобоев, ки кишвараш раёсати давраии САҲА-ро бар дӯш дорад, қаблан дар як баёния гуфт, “дар натиҷаи талошҳои муштараки руасои ҷумҳуриҳои Амрикову Русия Барак Обама ва Дмитрий Медведев ва миёнҷигии САҲА бо ҳукумати муваққати Қирғизистон ва раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев чунин тавофуқ ба даст омад, ки ӯ аз кишвар берун биравад. “

Қурмонбек Боқиев дар пайи ошӯбҳои хунини 7 апрел, ки мунҷар ба ҳалокати беш аз 80 нафар шуд, барканор шуд ва ба зодгоҳаш – Ҷалолобод дар ҷануби Қирғизистон фирор кард.

Ӯ ахиран гуфт, омода ҳаст, дар ивази тазмини амнияти ӯву аҳли хонаводааш истеъфо диҳад. Вале Боқиев имрӯз гуфт, пешниҳоди паноҳгоҳи сиёсӣ дар Беларусро радд кардааст.

Боқиев Қирғизистонро тарк кард

Бино ба хабарҳои тоза расида, раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев имрӯз ба Қазоқистони ҳамсоя парвоз кард ва ба ин тартиб, Қирғизистонро тарк гуфт.

Фирори Боқиев аз кишвар ба дунболи рӯйдодҳои имрӯза дар шаҳри ҷанубии Ӯш аст, ки муҳофизони ӯ ба хотири таъмини роҳи фирори ӯ аз миёни издиҳоми мухолифинаш ба ҳаво тир андохтанд.

Тирандозӣ ба дунболи ба маҳалли раҳпаймоии тарафдорони Боқиев рехтани издиҳоми мухолифини ӯ, ки тазоҳуроти алоҳида барпо карда буданд, рух дод. Дар пайи тирандозӣ Боқиев ба мошинаш нишаста, Ӯшро тарк кард.

Қурмонбек Боқиев дар пайи ошӯбҳои хунини 7 апрел, ки мунҷар ба ҳалокати беш аз 80 нафар шуд, аз Бишкек ба зодгоҳаш – Ҷалолобод дар ҷануби Қирғизистон фирор карда буд.

Ӯ ахиран гуфт, омода ҳаст, дар ивази тазмини амнияти ӯву аҳли хонаводааш истеъфо диҳад. Аммо ҳукумати муваққат гуфтааст, ки Боқиев бояд ба масъулият кашонида шавад.

Кремл мегӯяд, ки сарвазири Русия Владимир Путин тавассути телефон бо Боқиев сӯҳбат доштааст. Аммо ба ҷузъиёти ин гуфтугӯи шаби чоршанбе ироа нашудааст.

Отунбоева: муқобили Боқиев нерӯ истифода намешавад


Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон гуфтааст, ки ҳукуматаш қасд надорад барои боздошти Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури фирории ин кишвар аз нерӯи низомӣ истифода кунад.

Хонум Отунбоева, ки рӯзи панҷшанбе бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, ҳамчунин афзудааст, ки ӯ бо Қурмонбек Боқиев ба сурати мустақим дар мавриди истеъфояш аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ музокира накардааст.

Тазоҳургарони Ӯш суханони Боқиевро шунидан нахостанд


Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон мехост, субҳи имрӯз дар назди мардуми вилояти Ӯш суханронӣ кунад, вале тазоҳургарон ба ӯ имкони сӯҳбат надоданд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ, Мирасрори Фарғонӣ аз маҳалли воқеъа хабар медиҳад, ки вақте қатори мошинҳои Боқиев ба издиҳом наздик шуд, мардуме, ки ба ҷонибдории ҳукумати муваққат ҷамъ омада буданд, нагузоштанд, ки ӯ аз мошин пиёда шавад.

Қурмонбек Боқиев чанд лаҳза баъдтар бори дигар талош кард, дар ҳузури ҷонибдоронаш дар майдони дигари шаҳр дар назди театри шаҳри Ӯш суханронӣ кунад. Вале тазоҳургарони майдони марказӣ ба ин майдон сарозер ва боз ҳам монеъ аз суханронии Боқиев шуданд.

Дастаи муҳофизони Боқиев барои он, ки мардум ба раиси ҷумҳур наздик нашавад, ба ҳаво тирпаронӣ карданд ва қатори мошинҳои ӯ самти номаълум ҳаракат кард.

Феълан мардуми гирдиҳамомада аз майдонҳо пароканда шудаанд.

Азим Бекназаров, муовини раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон, ки дар Ӯш ба сар мебарад, гуфтааст, ҳукумат авзоъро дар саросари кишвар таҳти назорат дорад.

Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури Қирғизистон баъди ҳаводиси 7 ва 8 -уми апрел дар Бишкек, ки бар асари онҳо бештар аз 80 нафар кушта ва 500 нафар ҳам ҷароҳат бардошт, пойтахти Қирғизистонро ба қасди ҷануби ин кишвар тарк кард.

Феълан дар Қирғизистон ҳукумати муваққат амал мекунад. Вале Қурмонбек Боқиев низ то кунун истеъфои худ аз мақоми раёсати ҷумҳуриро эълон накардааст.

Президенти фирории Қирғизистон қаблан ҳини мулоқот бо фаъолони ҳуқуқи башар гуфт, ки барои баррасии мавзӯи интиқоли қудрат ба ҳукумати муваққатӣ омода аст.

Вале раиси ҳукумати муваққат Роза Отунбоева имкони гуфтушунид бо Боқиевро мумкин номидааст, вале гуфтааст, талаби Боқиев барои кафолати амнияти аҳли хонавода ва пайвандонаш ғайри қобили қабул аст. Отунбоева таъкид кардааст, ки Боқиев бояд ба додгоҳ кашида шавад.

Ҳамзамон вазъият дар ҷануби Қирғизистон, ба хусус дар вилояти Ҷалолобод – зодгоҳи Қурмонбек Боқиев ноором боқӣ мемонад. Мардуми ин вилоят ба ду гурӯҳ тақсим шудааст ва рӯзи чаҳорум аст, ки дар шаҳри Ҷалолобод ҷонибдорони президенти сарнагуншуда ва ҳукумати муваққатӣ дар ду майдони ба ҳам мухолиф гирдиҳамоӣ баргузор мекунанд.

Қурмонбек Боқиев рӯзи гузашта дар назди ҷонибдоронаш баромад карда, хостори таъсиси комиссияи байнулмилалӣ барои таҳқиқи ҳодисаҳои рӯзҳои ахир шуд.

Тафсилоти бештари ҳаводиси Қирғизистон:

Ҷалолобод дар интизори сарнавишт

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG