Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тирандозии муҳофизони Боқиев дар шаҳри Ӯш


Муҳофизони раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев имрӯз дар шаҳри ҷанубии Ӯш ба ҳаво тир андохтанд, то роҳи фирори ӯ аз байни издиҳоми мухолифинашро таъмин кунанд. Дар бораи осеб дидани кадоме аз тазоҳургарон дар натиҷаи ин тирандозӣ гузориш нашудааст.
Имрӯз дар Ӯш раҳпаймоиҳои алоҳидаи ҳам тарафдорон ва ҳам мухолифони Боқиев доир шуд. Аммо вақте ӯ дар баробари ҷонибдоронаш ба суханронӣ оғоз кард, мухолифини ӯ ба ин майдон рехтанд, то ин тазоҳуротро ба ҳам зананд.
Дар пайи тирандозӣ Боқиев ба мошинаш нишаста, Ӯш, ин дуввумин шаҳри бузурги Қирғизистонро тарк кард.
Қурмонбек Боқиев дар пайи ошӯбҳои хунини 7 апрел, ки мунҷар ба ҳалокати беш аз 80 нафар шуд, аз Бишкек ба зодгоҳаш – Ҷалолобод дар ҷануби Қирғизистон фирор кард.
Ӯ ахиран гуфт, дар ивази тазмини амнияти ӯву аҳли хонаводааш метавонад истпеъфо диҳад. Аммо ҳукумати муваққат гуфтааст, ки Боқиев ба далели даст доштанаш дар хушунатҳои ахир бояд ба масъулият кашонида шавад.
Маскав мегӯяд, ки сарвазири Русия Владимир Путин тавассути телефон бо Боқиев сӯҳбат доштааст. Аммо ҷузъиёти ин гуфтугӯи шаби чоршанбе ироа нашудааст.
XS
SM
MD
LG