Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон бештар аз Амрико кӯмаки башарӣ мегирад


Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли 2009 аз хориҷ ба маблағи 26,7 миллион доллар кӯмакҳои башарӣ дарёфт кардааст. Ожонси омори Тоҷикистон мегӯяд, бахши аъзами ин кӯмакҳо иборат аз дорувору равғани растанӣ ва миқдоре гандуму либос ва молҳои дигар будааст. Беш аз нисфи кӯмакҳои башарӣ ба Тоҷикистон имсол низ аз Амрико ва ҳудуди 20 дарсадаш аз Қазоқистон расидааст.
XS
SM
MD
LG