Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқтисоди Тоҷикистон имсол 6,8 дарсад рушд кардааст


Маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон наздики 4 миллиард сомонӣ, ё худ ҳудуди 915 миллион долларро ташкил додааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 6,8 дарсад бештар аст. Ожонсии давлатии омори Тоҷикистон мегӯяд, 30 дарсади ин нишондиҳанда аз ҳисоби тавлидот, 58 фоизаш аз ҳисоби арзаи хадамот ва 12 дарсади дигараш тавассути молиёту боҷу хироҷҳо гирд омадааст. Ин дар ҳолест, ки ниҳодҳои байналмилалии молӣ суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷориро дар ҳудуди 4 дарсад пешбинӣ мекунанд.
Мизони таваррум дар Тоҷикистон дар семоҳаи аввал 1,6 фоиз гуфта мешавад.
XS
SM
MD
LG