Пайвандҳои дастрасӣ

Номаи хабарнигорони эронӣ ба раҳбари қувваи қазоия


Беш аз 100 хабарнигори эронӣ дар як номаи саргушода ба раҳбари қувваи қазоияи Эрон оятуллоҳ Содиқи Лориҷонӣ раҳоии билофосилаи хабарнигорони зиндонишударо тақозо кардаанд.
Дар нома омадааст, ки як теъдоди қобили мулоҳизаи нашрияҳо дар Эрон баста шуда, сомонаҳои интернетӣ ҳамчунон филтр ё масдуд мешаванд ва хабарнигоронро ба маҳзи танқиди давлат ба зиндон мекашонанд. Муаллифон мегӯянд, бархе аз ин боздоштшудагон тавассути додгоҳҳои инқилобӣ бидуни ҳайъати ҳакамон ва ҳатто вакили мудофеъ муҳокима ва маҳкум шуданд.
Муаллифон аз оятуллоҳ Лориҷонӣ суол кардаанд, ки оё муҳокимаҳои ғайримунсифонаи хабарнигорону блогнависон ба обрӯи низоми Ҷумҳурии исломӣ латма намезанад?
XS
SM
MD
LG