Пайвандҳои дастрасӣ

Соҳибони роҳхатҳо ба мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон


Мусобиқаи лигаи аввали шоҳмоти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо пирӯзии Андрей Онишенко ба анҷом расид.

Дар ин сабқат, ки ҳамчунин даври ниманиҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон маҳсуб мешуд, 14 шатранҷбоз (аз он ҷумла 2 нафар занон) аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат карданд.

Шатранҷбози душанбегӣ Андрей Онишенко бо 10,5 имтиёз аз 13 бозӣ ҷои аввалро соҳиб шуд.

Ҷангибек Сафаров (ноҳияи Рӯдакӣ) ва Неъмат Зиёев (Душанбе) бо 9,5-имтиёзӣ дар ҷойҳои дуюму сеюм қарор гирифтанд.

Ашӯр Ёрмадов (Кӯлоб) ва Баҳодур Абдуллоев (Исфара) бо 9-имтиёзӣ ҷойҳои чаҳоруму панҷумро азони худ карданд.

Бар асоси низомномаи ин сабқат панҷ нафар беҳтаринҳо ба даври ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти Тоҷикистон-2010 роҳхат гирифтанд.
XS
SM
MD
LG